ФАРМОИШ аз 30 декабри соли 2015 №122/ф ш. Душанбе

Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба беҳтар намудани фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ.

Мутобиқи моддаи 13 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бандҳои 4, 5 ва 8 Низомномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №150 тасдиқ шудааст,

фармоиш медиҳам:

1. Гузаронидани ташхиси ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ мувофиқи Тартиби ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 2014, №187 тасдиқ шудааст, тибқи нақшаи замимагардида ба роҳ монда шавад.
2. Намунаҳои шиносномаи лоиҳаҳо тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
3. Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ:
- аз санаи 4 январи соли 2016 қабули ҳамаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ бо риояи сатҳи масъулиятнокии ташкилотҳои лоиҳакашӣ ба роҳ монда шавад;
- ҳангоми қабули ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ барои ташхис аз ташкилотҳои лоиҳакашӣ дар таркиби лоиҳаҳо шиносномаи лоиҳа талаб карда шавад;
- маълумоти мазкур ба самъи фармоишгарон ва ташкилотҳои лоиҳакашии ҷумҳурӣ расонида шавад.
4. Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ рӯйхати ташкилотҳои лоиҳакашии иҷозатномагирифтаро бо нишон додани сатҳи масъулиятнокӣ ба Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ мунтазам пешниҳод намояд.
5. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Н. Ю. вогузор карда шавад.

Раис Ҷ. Аҳмадзода

ФАРМОИШ  аз 30 декабри соли 2015 №122/ф ш. Душанбе


ШИНОСНОМАИ ЛОИҲА:
- Лоиҳаи сохтмони (азнавсозии) бинои ҷамъиятӣ (маъмурӣ) [90.36 Kb] (cкачиваний: 9)
- Лоиҳаи сохтмони (азнавсозии) бинои истиқоматӣ [90.12 Kb] (cкачиваний: 12)
- Лоиҳаи сохтмони (азнавсозии) бинои муассисаи таълимӣ [89.44 Kb] (cкачиваний: 9)
- Лоиҳаи сохтмони (азнавсозии) иншооти корхонаи саноатӣ [74.54 Kb] (cкачиваний: 5)

Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво