29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Имрӯз мусобиқаи футболбозон барои Ҷоми «Журналистони ҷавон – 2019» оғоз гардид

571
Имрӯз расми бошукӯҳи ифтитоҳи мусобиқа барои Ҷоми «Журналистони ҷавон – 2019» миёни кормандони воситаҳои ахбори омма оид ба футболи хурд, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст, баргузор гардид.

Муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумтаи ҷумҳурӣ Ризо Назарзода иштирокчиёни мусобиқаро бо Рӯзи Артиши миллӣ, ки ба кушодашавии мусобиқа рост омад, муборакбод гуфта, барои дастаҳо комёбӣ орзу намуд.

Аввалин шуда дастаҳои «Омӯзгори ҷавон» ва «Ба қуллаҳои дониш» вориди майдони рақобат шуданд.

Ба ҳамин тартиб, тибқи нақша дар мусобиқаи мазкур 13 даста дар 4 гурӯҳ барои дарёфти ҷом аз 23 феврал то 11 марти соли равон бо ҳам рақобат менамоянд.

Гурӯҳи «А»

Телевизиони «Сафина»
Телевизиони Тоҷикистон
Рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон»
Гурӯҳи «В»

Телевизиони «Синамо»
Радиои «Ватан»
Радиои «Имрӯз»
Гурӯҳи «С»

Телевизиони «Ҷаҳоннамо»
Телевизиони «Футбол»
Телевизиони «Варзиш»
Радиои Тоҷикистон
Гурӯҳи «D»

АМИТ «Ховар»
«Омӯзгори ҷавон»
«Ба қуллаҳои дониш».
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола 11 март таҷлил карда мешавад, дар амал татбиқ мегардад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво