24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ширкати «Светал»-и Россия дар Тоҷикистон корхонаи муштарак таъсис хоҳад дод

483
19 феврал дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии мудири ширкати «НПО Светал» -и шаҳри Барнаули кишвари Олтойи Федератсияи Россия Иван Алексеенко бо намояндагони корхонаю ширкатҳои аъзои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар вохурӣ фаъолияти ширкати «НПО Светал» муаррифӣ гардид. Ширкати мазкур ба таҳия ва истеҳсоли чароғу лампаҳои нурафшони барои кӯчаю хиёбон ва корхонаҳо махсусгардонидашуда, дигар дастгоҳу таҷҳизот, чароғҳои равшанидиҳандаи инноватсионӣ ва аз лиҳози экологӣ тоза машғул мебошад. Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамзамон доир ба фаъолияти ширкатҳои Тоҷикистон, ки дар самти истеҳсоли чароғ ва дигар таҷҳизоти равшанидиҳандаю нурафкан фаъолият доранд, иттилоъ дода шуда, масъалаи таҳкими ҳамкорӣ дар ин самт баррасӣ гардид.

Бо назардошти талаботи бозори кишвари ҳамсояи Афғонистон аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки дар оянда дар Тоҷикистон бо мақсади истеҳсоли чароғҳо ва дигар таҷҳизоти равшанидиҳандаю нурафшон корхонаи муштарак таъсис дода шавад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво