26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҷумҳурӣ мусобиқаҳои оммавӣ – варзишӣ доир мегарданд

461
Бахшида ба 26–умин солгарди Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврали соли равон дар ҷумҳурӣ баргузории 521 мусобиқаю барномаҳои оммавӣ – варзишӣ дар назар аст. Дар ин бора мутахассиси пешбари бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷон Салимзода хабар дод.

Бино ба иттилои номбурда, инчунин дар ин рӯз дар саросари мамлакат зиёда аз 191 машқи дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ бо доираи васеи наврасону ҷавонон, кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо доир карда мешаванд.

Ҳамзамон баргузории 330 мусобиқаи оммавӣ – варзишӣ аз рӯи намудҳои футбол, волейбол, баскетбол, тӯби дастӣ, гӯштини миллӣ, камарбандӣ, тарзи озод, юнонӣ-румӣ, дзюдо, самбо, карате–до, каратэ –кёкушинкай, аспдавонӣ, велосипедронӣ, саққобозӣ, шиноварӣ, шоҳмоту шашка, бокс, таэквондо ИТФ ва таэквондо ВТФ ба нақша гирифта шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки 23 феврали соли 2019 маросими кушодашавии мусобиқаи кушод оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми «Журналистони ҷавон – 2019» баргузор мегардад.

Оғози мусобиқаи кушод оид ба футбол соати 9:00 муайян шудааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво