18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Кумаки ДДҚ ба мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ҷ. Румӣ

1265
Масъулини Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав аз вазъи зисту таъминоти тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ҷойгир аст, дидан намуданд. Тавре ки раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ Маҳмадкарим Шарифов хабар дод, раёсат, созмонҳои ҷамъиятии донишгоҳ ва ҳайати профессорону омӯзгорон доиман ба вазъи хониш ва таъминоти тарбиятгирандагони ин муассиса таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.
— Навбатҳои пешин мо дар таъмини хобгоҳи ин муассисаи таълимӣ бо кату рахтҳои хоб ҳиссагузорӣ намудем, ҳамчунин бо иштироки роҳбарият ва профессорони донишгоҳ чорабинии маърифатии “Шоми Истиқлол”-ро доир намудем. Ин навбат дар мувофиқа бо масъулин ва бо назардошти ниёзҳои ин муассисаи таълимӣ донишгоҳ тасмим гирифт, ки дар таъмини таҷҳизот барои ошхона ҳиссагузорӣ намояд- изҳор дошт М. Шарифов.
Донишгоҳи давлатии Курғонтеппа ба номи Носири Хусрав мактаб-интернати ҷумҳуриявии ятимони ноҳияи Ҷалолиддини Румиро расман ба сарпарастӣ гирифта, дар беҳ намудани вазъи таъминоту таълими тарбиятгирандагони он саҳм дорад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво