29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ноҳияи Мурғоб коргоҳи хурди истеҳсоли панир аз шири қутос бунёд мешавад

539
Корхонаи хурди «Шири кӯҳистон» дар шаҳри Хоруғ панҷ сол пеш ба фаъолият пардохта буд. Ҳоло ин корхона тасмим гирифтааст, ки дар ноҳияи Мурғоб низ чунин корхонаи хурд бунёд кунад.

Зеро ин ноҳия макони асосии парвариши қутос дар саросари кишвар аст ва мутахассисони корхона ният доранд тобистони имсол истеҳсоли панири парҳезӣ аз шири қутосро дар ноҳияи мазкур ба роҳ монанд.

Дар айни замон тамоми таҷҳизоти зарурӣ барои истеҳсоли панир дастрас шуда, баъди каме муътадил гардидани ҳаво бунёди корхона оғоз мешавад. Ба гуфтаи сардори корхонаи «Шири кӯҳистон» Ниятбек Ниятбеков, ҳоло дар ин корхона 10 нафар кор мекунанд. Онҳо ҳамарӯза 7 намуди маҳсулоти ширӣ, аз қабили ҷурғот, чакка, қаймоқ, панир истеҳсол карда, дар бозору дӯконҳои шаҳр ва деҳоти атрофи он ба фурӯш мебароранд.

Коргоҳи хурди панирбарорӣ дар ноҳияи Мурғоб ду ҳадаф дар пай дорад. Яке ба бозори дохилию берунӣ баровардани маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ пок ва фоидовар, дуюм коҳиш додани сатҳи бекорӣ дар ин ноҳияи дурдаст мебошад.

Баъди ба кор андохтани корхона 10 нафар сокинони маркази ноҳия бо кори доимӣ таъмин мегарданд. Ҳамзамон садҳо нафар чорводорон имконият пайдо мекунанд, ки маҳсулоти худро бе душворӣ ба ин корхона фурӯхта, аз ин ҳисоб даромад ба даст оранд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво