29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ДУШАНБЕ СОҲИБИ НИШОН МЕГАРДАД ВА УНВОНИ «СОКИНИ ФАХРИИ ПОЙТАХТ» ТАЪСИС ДОДА МЕШАВАД

610
Тавре қаблан хабар додем, 6 феврали соли равон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро баррасӣ ва қабул намданд.

Бо мақсади возеҳ намудани моҳияти тағйиру иловаҳои воридгардида ва фаҳмидани мақсади ин иқдом хабарнигори АМИТ «Ховар» ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Мавзуна Шамсиддинзода, ки масъалаҳои мазкурро дар назди вакилони Парлумон шарҳ дод, мароҷиат намуд.

«Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид», — иброз дошт Мавзуна Шамсиддинзода.

Ба гуфтаи мавсуф, лоиҳаи Қонуни мазкур баҳри омода намудани нишони шаҳри Душанбе, ҳавасмандкунӣ ва додани мукофотҳо ба шаҳрвандоне, ки уҳдадориҳои вазифавиро бо муваффақият иҷро намуда, пурсамару софдилона меҳнат мекунанд ва дар рушди иқтисодию иҷтимоии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас мегузоранд, таҳия гардидааст.

«Бо ин мақсад ба Қонун моддаи 71 илова карда мешавад, ки тибқи он минбаъд пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе дорои нишон (эмблема) гардида, нишон ва низомномаи онро Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе тасдиқ менамояд», — илова намуд номбурда.

Вакили мардумӣ дар идомаи суҳбат зикр намуд, ки тибқи тағйироти пешниҳодгардида Фонди рушди пойтахт таъсис дода мешавад.

«Ташкили фондҳои дахлдор, ҳавасмандкунӣ, додани мукофотҳо, муқаррар намудани номи мукофотҳо, бо унвони “Сокини фахрии пойтахт”, медалҳои ҷашнӣ ва медалҳо, инчунин бо ҷоизаҳои раиси шаҳри Душанбе сарфароз гардонидан низ дар лоиҳа муқаррар шудааст», — хулоса намуд Мавзуна Шамсидинзода.

Бояд зикр намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳанӯз соли 1996 қабул гардида, қариб 22 сол мавриди такмили ҷиддӣ қарор нагирифта буд. Яъне табиист, ки муқаррароти ин қонун ба талаботи шаҳрдории имрӯза ҷавобгӯ набуд ва ба мукаммалгардонӣ ниёз дошт.

Соли 2018 дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав баррасӣ ва қабул гардид.

Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар намуда, хусусиятҳои идоракунӣ ва шартҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии фаъолияти онро муайян мекунад. Дар он мафҳуми «Мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташреҳ ёфта, кафолатҳои таъмини функсияи пойтахт, мусоидати мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба шаҳри Душанбе дар иҷрои функсияи он танзим шудаанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво