Табрикоти Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода ба муносибати фарорасии соли нави 2016

Ҳамкасбони гиромӣ, дӯстони азиз!
Боиси хушнудист, ки шумораи навбатии «Рӯзномаи бинокорон» дар арафаи Иди Соли Нав аз чоп баромад ва чанд рӯз пас мо Соли нави 2016-ро истиқбол мегирем. Аз фурсат истифода бурда, бо фарорасии Соли нав ҳамаи кормандони соҳаи сохтмону меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқадорони меҳнатро аз номи ҳайати мушовараи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам самимона табрик менамоям.
Ба Шумо ва наздиконатон тансиҳатию хонаободӣ ва дар кору фаъолият баҳри рушду пешравии ҳарчи бештари Тоҷикистони соҳибистиқлол комёбию муваффақиятҳои беандоза орзумандам.
Мову шумо хуб медонем, ки дар амалӣ шудани нақшаҳои бунёдкориву созандагӣ ҳиссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле бузург аст ва ҳамеша соҳаи мазкурро воқеан, ҳамчун соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа дастгирӣ мекунанд.
Бо дастгирии бевоситаи Ҷаноби Олӣ ҳамасола дар саросари мамлакат бинову иншоотҳои азиму муҳим сохтаву ба истифода дода мешаванд, ки ҳамаи онҳо ҷавобгӯи талаботи замон мебошанд.
Паёме, ки санаи 23 январи соли 2015 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзури Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид, роҳи татбиқи вазифаву ҳадафҳои стратегии ҷумҳуриро дар бар гирифт.
Аз файзу баракати истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ самтҳои афзалиятноку муҳимтарини сиёсати дохилии давлати соҳибистиқлоламон тарҳрезӣ ва муайян карда шуданд, ки мо онҳоро дар доираи се ҳадафи стратегӣ – таъмини истиқлолияти энергетикии давлатамон, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишварамон ва ҳифзи амнияти озуқавории мардуми шарифамон зина ба зина татбиқ карда истодаем.
Имрӯз мо сарфи назар аз ҳамаи монеаву мушкилоти мавҷуда азми қавӣ дорем, ки бо бунёди иншооти гидроэнергетикиву коммуникатсионӣ, рушди саноати миллӣ, пешбурди кишоварзӣ ва тараққӣ додани коркарди саноатии ашёи хоми ватанӣ мақсади ниҳоии худ, яъне сатҳу сифати шоиставу арзандаи зиндагии аҳолиро марҳила ба марҳила амалӣ намоем.
Боиси қаноатмандӣ аст, ки тайи ин давра, сарфи назар аз мушкилоти воқеъии бавуқӯъпайваста дар самти пешрафти ҷомеаи худ ба як қатор дастовардҳое ноил шудем, ки аз дурустии сиёсати пешгирифтаи дохилию хориҷии давлати Тоҷикистон бо сарварии Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат, Президенти мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳанд.
Соли омадаистода барои мардуми Тоҷикистон аз он ҷиҳат фаромӯшнашаванда аст, ки имсол халқи тоҷик 25-солагии истиқлолияти кишвари маҳбубамонро таҷлил менамояд.
Воқеан, соли нав дар таърихи тамаддуни башарият, сарфи назар аз он, ки ба кадом намуди солшуморӣ тааллуқ дорад ва ба кадом фасли сол рост меояд, бо қадами хуҷастаи худ ҳамеша хушнудиву хушҳолӣ меорад.
Дар арафаи соли нав натиҷагирӣ кардан аз бурду бохтҳои соли сипаришаванда ва тарҳрезии нақшаҳо барои соли оянда барои мо ба ҳукми анъана даромадааст.
Ба ин маънӣ, агар ба роҳи паймудаи мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар соли рафтаистода назар андозем, итминон ҳосил мекунем, ки соли 2015-ум дар маҷмӯъ соли вусъати созандагиву бунёдкорӣ, иқдому ташаббусҳои наҷиб ва густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ буд.
Сохта ба истифода додани садҳо иншооти нави таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ - муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, фарҳангиву варзишӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ гувоҳи равшани густариши ҷараёни созандагӣ ва ободонии кишвари азизамон мебошанд.
Мо сокинони ин минтақаи биҳиштосой, бояд дар соли нави мелодӣ ва солҳои минбаъда ба хотири таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори меҳанпарастӣ ҳарчи бештар заҳмат кашида, бо дарки рисолати олии ватандорӣ барои ободонии сарзамини муқаддасамон дастаҷамъона саъю талош намоем.
Бигзор, соли нави мелодӣ барои ҳар як хонадони мардуми Тоҷикистон соли сулҳу оромӣ, таҷаллии хуршеди орзуҳо, субҳи пурсафои саодат, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои навин гардад!
Бигзор, дар қалби ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон нури умеду боварӣ ба ояндаи нек шӯълабор бошад, роҳи пуршарафи ватансозиву меҳанпарастии ҳар як фарди бонангу номус ва худшиносу худогоҳро равшантар созад ва шоҳроҳи зиндагиашон ҳамеша гулафшону сарсабз гардад!
Соли нави мелодиро барои ҳамаи шумо – дӯстони азиз табрик гуфта, ба ҳар як хонадони тоҷик саломативу хушҳолӣ, хушбахтиву комёбӣ, сарбаландиву ифтихормандӣ ва ба Ватани маҳбубамон суботу оромии ҷовидонӣ орзу менамоям.
Соли нави 2016 муборак бошад, ҳамкасбони гиромӣ!

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво