29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Роҳ дар мавзеи Қарияи Боло пеш аз муҳлат боз мешавад

537
Сохтмони эстакада дар маҳаллаи Қарияи Боло охири ҳамин сол ба итмом мерасад.

Сохтмони эстакадаи дуюми сеқабата дар мавзеи буриши хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Абӯалӣ ибни Сино пеш аз муҳлат – охири соли 2019 ба итмом мерасад.

Дар ин бора зимни нишасти хабарии рӯзи 31 январ муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода хабар дод.

“Бо сабаби пайдо шудани мушкилоту нороҳатии зиёд барои сокинони гирду атроф ва наздикии иншооти сохтмон, аз онҳо ба унвони мақомоти шаҳрдорӣ арзу шикояти зиёде мерасад, - иброз дошт ӯ. – Бо назардошти ҳамаи ин муроҷиатҳо, раҳбарияти пойтахт ба корхонаву ташкилотҳои дахлдор дастур дод, ки ҷиҳати анҷоми сохтмони эстакада то охири соли равон тадбирҳо андешанд”.


Бино ба гуфтаи муовини раиси пойтахт, баҳри ҳаллу фасли ин масъала аллакай як қатор тадбирҳо роҳандозӣ шудааст, аз ҷумла шумори бинокорон ва техника дар иншоот зиёд карда шуд.

Ёдрас мекунем, ки корҳои сохтмони эсткадаи мазкур 26 феврали соли гузашта оғоз гардида, бояд моҳи августи соли 2020 ба итмом мерасиданд.

Айни замон дар самти ғарбии шаҳри Душанбе автомашинаҳо асосан бо кӯчаҳои Шамсӣ ва ба самти марказ – бо кӯчаҳои Карамов, Шараф ва аз ҷониби Прокуратураи генералӣ равуо мекунанд.

Қобили зикр аст, ки эсткадаи сесатҳа дар доираи амалисозии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе - Турсунзода, қитъаи роҳ аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд мегардад.

Амалисозии лоиҳаи ба ин монанди сохтмони эсткада соли гузашта дар маҳаллаи 82-юми пойтахт ба анҷом расид. Аммо дар он ҷо ҳам алҳол корҳо пурра ба анҷом нарасидаанд: қисмати ғарбии роҳ то ҳол баста буда, дар он ҷо корҳои сохтмон ҷараён доранд.

Роҳ дар мавзеи Қарияи Боло пеш аз муҳлат боз мешавад
Эстакада дар маҳаллаи 82-юм




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво