26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Шумори сокинони Душанбе беш аз 162 ҳазор нафар меафзояд

469
Дар қаламрави ба тавозуни пойтахт гузаштаи ноҳияи Рӯдакӣ маҳз ҳамин миқдор аҳолӣ зиндагӣ мекунад.

Баъди васеъ шудани шаҳри Душанбе аз ҳисоби заминҳои ноҳия Рӯдакӣ, шумори сокинони пойтахт 162 ҳазору 400 нафар – миқдори аҳолии иқоматдошта дар ин қаламрави ноҳия меафзояд, изҳор дошт муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода зимни нишасти матбуотии санаи 31 январ.

“Айни замон ҷараёни ба тавозуни шаҳри Душанбе супурдани тамоми зербинои қаламрави пешбинишудаи ноҳия оғоз гардид. Тибқи қарори вакилони маҳаллӣ, қисмати зиёди заминҳои ҷамоатҳои Чимтеппа, Сарикиштӣ, Россия, Гулистон, Чортеппа ва Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ ба қаламрави Душанбе мегузаранд. Дар ин ҷамоатҳо беш аз 162 ҳазору 400 нафар зиндагӣ доранд”, - гуфт Зувайдзода.

Ҳамин тариқ, ба гуфтаи муовини аввали раиси пойтахт, қаламрави шаҳри Душанбе ба андозаи 7 ҳазору 659,25 гектар афзуда, масоҳати умумии шаҳри Душанбе 20 ҳазору 318 гектарро ташкил медиҳад.

“Минбаъд қаламрави пойтахт то соли 2040 – ба масоҳати 25 ҳазор ва пас аз соли 2040 – ба андозаи боз 30 ҳазор гектар васеъ мешавад”, - илова намуд ӯ.


Дар робита ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ муовини аввали раиси пойтахт қайд кард, ки соли 2018 аз ҳисоби ба истифода додани корхонаҳои нав ва афзудани имконоти иқтидорҳои мавҷуда, 31 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтааст.

Бино ба маълумоти Агентии омор, ба ҳолати моҳи июли соли 2017 шумори аҳолии доимии шаҳри Душанбе 820 ҳазору 600 нафарро ташкил дода буд.





Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво