29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе Конфронси илмӣ–назариявии «Муҳоҷират, таҳсилоти муосир ва истифодаи технологияҳои нави ғайринақдӣ миёни ҷавонон» доир гардид

530
31 январ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Вазорати рушди иқтисод ва савдо Конфронси илмӣ— назариявӣ таҳти унвони «Муҳоҷират, таҳсилоти муосир ва истифодаи технологияҳои нави ғайринақдӣ миёни ҷавонон» баргузор гардид.

Дар конфронси мазкур роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва олимону муҳақкиқони ҷавон иштирок намуданд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, конфронс бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардид.

Иштирокчиёни конфронс дар мавзӯъҳои «Заминаҳои меъёрии ҳуқуқии амалигардонии таҳсилоти муосир», «Таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ ба муносибатҳои оилавӣ», «Амалишавии меъёрҳои байналмилалии таҳсилоти муосир дар маорифи кишвар», «Муҳоҷират, таҳсилоти муосир ва истифодаи технологияи ғайринақдӣ миёни ҷавонон», «Раванди муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нақши муҳоҷирати зеҳнӣ ва таълимӣ дар рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Таҳсилоти фосилавӣ дар замони муосир», «Инноватсия дар фурудгоҳ», «Таҷрибаи «Алиф Сармоя» дар самти пардохтҳои ғайринақдӣ», «Технологияҳои нав барои муҳоҷирон ва ҷавонон» ва «Хизматрасониҳои ғайринақдӣ дар замони муосир» маърӯза намуданд.

Ҳамчунин дар кори конфронс масъалаҳои муҳоҷират, таҳсилоти муосир ва истифодаи технологияҳои нави ғайринақдӣ миёни ҷавонон бо иштироки васеи коршиносон, собиқадорони соҳа, намояндагони ташкилотҳои қарзӣ ва ҷавонони гуногункасб баррасӣ гардид.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво