29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Соли 2018 корхонаҳои шаҳри Душанбе дар ҳаҷми 2,2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд

578
Соли 2018 аз ҷониби корхонаҳои шаҳри Душанбе ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,2 миллиард сомонӣ расонида шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода иттилоъ дод.

Ба гуфтаи номбурда, суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 фоизро ташкил намудааст.

Зикр гардид, ки дар соҳаи саноати истихроҷ истеҳсоли маҳсулот ба 14,8 миллион, саноати коркард 1,5 миллиард сомонӣ расида, истеҳсол ва тақсимоти неруи барқ, газ, гармӣ ва обтаъминкунӣ 724 миллион сомонӣ таъмин гардид, ки нисбат ба соли 2018 зиёд мебошад.

«Содироти корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе дар ин давра ба 28 миллион сомонӣ баробар шуд», — илова намуд Маҳмадсаид Зувайдзода.

Мавриди зикр аст, ки соли 2018 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе барои бунёди 9 корхонаи саноатӣ бо таъсиси беш аз 3 ҳазор ҷойи кор санги асос гузошта шуд. Ин иқдом аз як тараф ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ муфид арзёбӣ гардад, аз ҷониби дигар барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон –саноатикунонии мамлакат мусоидат хоҳад кард.

«Дар маҷмӯъ аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсоливу хизматрасонии мавҷуда дар корхонаю муассисаҳои шаҳр беш аз 31 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтанд»,- иброз дошт муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво