16 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов майдони Нишони давлатӣ бунёд мегардад

785
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов майдони Нишони давлатӣ бунёд мегардад
Имрӯзҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои ободониву бунёдкорӣ бо маром ҷараён доранд. Давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасри фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда мешаванд.

Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд тасмим гирифтаанд, ки дар ин муддат дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишини ин гӯшаи диёр иншооти таъйиноти гуногун бунёд намоянд.

Ба пешвози ҷашни миллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар маҷмӯъ сохтмони 300 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, давоми соли гузашта 92 иншоот бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд. Соли равон тибқи нақша дар ноҳия сохтмони 70 иншоот, аз ҷумла чанд корхонаи саноатӣ дар назар дошта шудааст.

Дар ин замина, дирӯз зимни сафари кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ба бунёди боз як иншооти муҳим- майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшида шуд.

Бояд гуфт, ки майдони Нишони давлатӣ дар маркази ноҳия ҷой гирифтааст. Он дар масоҳати 0,15 га сохта шуда, дар атрофи он бунёди фаввораҳои замонавӣ ва гулгашту нишастгоҳҳо дар назар аст.

Инчунин дар Ҷамоати шаҳраки Меҳробод ба бунёди кӯдакистони хусусии замонавии дуошёна барои 200 нафар кӯдакон, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохта мешавад, санги асос гузошта шуд. Таъкид гардид, ки дар 19 кӯдакистони давлатӣ ва 5 кӯдакистони хусусии ноҳия имрӯзҳо ҳамагӣ 3556 нафар хурдсолон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Бо бунёди иншооти нав шумораи бештари кӯдакон ба кӯдакистонҳо фаро гирифта хоҳад шуд.

Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони бинои маъмурии шуъбаи маорифи ноҳия, ки аз 3 ошёна, 32 утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ барои 100 ҷойи нишаст иборат аст, инчунин ҷараёни сохтмони корхонаи нави ресандагии ҶДММ “Органик-ян”, ки тибқи нақша метавонад дар як сол то 15 000 тонна нахи пахтаро коркард намояд, шинос гардид.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво