28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пагоҳ Прокуратураи генералӣ, Кумитаи рушди маҳал, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Кумитаи ҳифзи муҳити зист нишасти матбуотӣ доир менамоянд

554
29 январ Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2018 барои намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ мегузаронанд.

Прокуратураи генералӣ соати 09:00 дар маҷлисгоҳи Прокуратураи генералӣ нишасти матбуотӣ доир менамояд.

Нишасти матбуотии Кумитаи меъморӣ ва сохтмон соати 09:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» баргузор мешавад.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист соати 10:00 дар толори Кумитаи мазкур ва Кумитаи рушди маҳал соати 11:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» нишасти матбуотӣ мегузаронанд.

Хотиррасон мекунем, ки тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 223-10-98, 888-08-34-04).

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 гузаронида мешаванд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво