29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид

562
Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи навбатии Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзияи САИД иттилоъ медиҳад.

Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид


Дар кори Шӯро роҳбарони аввали вазорату идораҳо, роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муовинони раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин кормандони масъули Кумитаи рушди сайёҳӣ ва намояндагони ассотсиатсияву ширкатҳои сайёҳӣ иштирок намуданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим иброз дошт, ки дар Паёми солона ба Маҷлиси Олии мамлакат Пешвои миллат зикр карданд, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳамияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 ба Тоҷикистон омаданд, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд. Вале барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда як сол басанда нест.

Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати рушди инфрасохтори деҳот Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шаванд.

Дар ин росто Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунармандӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021» аз 2 январи соли 2019 ба тасвиб расид.

Воқеан ҳам имрӯз марҳилае фаро расидааст, ки инфрасохтор дар деҳот рушд намуда, сайёҳони хориҷӣ ба деҳаҳои кишвар сафарбар карда шаванд, то урфу одат ва анъанаҳои неки мардуми деҳот, ки то ҳанӯз маҳфуз дошта шудаанд, бояд ба ҷаҳониён муаррифӣ гарданд. Ҳамзамон ба ин восита ҷойҳои кории нав таъсис дода шуда, сатҳи некуаҳволии мардуми маҳаллӣ баланд бардошта шавад.

«Дар соҳаи сайёҳӣ лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва барномаҳое ҳастанд, ки барои амалисозии онҳо як сол басанда нест. Пешниҳоди Пешвои миллат воқеан ҳам саривақтӣ буда, ба рушди устувори соҳа оварда мерасонад. Бояд барои рушди соҳаи сайёҳӣ ба бунёди инфрасохтор дар маҳалҳо ва истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ аз ҷониби роҳбарони мақомот диққати ҷиддӣ дода шавад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки фаъолияти минбаъдаи вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар давоми ин се сол, ки як фурсати хубе барои расидан ба ҳадафҳои гузоштаи Сарвари давлат мебошад, самаранок истифода намуда, лоиҳаҳои хурду бузургро дарёфт ва барои амалишавии онҳо аз тамоми имкониятҳо, аз ҷумла, ба шарикони рушд ва сармоягузорону соҳибкорон истифода барем»,- зикр намуд муовини Сарвазири мамлакат.

Дар кори ҷаласа оид ба ҷараёни иҷрои муқаррароти Протоколи ҷаласаи дуюми Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва нақшаи чорабиниҳои «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» гузоришҳои раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода ва роҳбарони дигар вазорату идораҳои марбутаи кишвар шунида шуд.

Бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода зикр намуд, ки бо шарофати дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати хирадмандонаи «дарҳои кушода»-и Ҳукумати мамлакат намояндагони соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ дар калонтарин намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳии ҷаҳон, назири «ITB –Берлин», «Интурмаркет – 2018», Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT”, Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ТОП–РЕСА–Фаронса 2018» ва дар шаҳрҳои Токио, Лос-Анҷелес, Сеул, Рим, Куала-Лумпур, Риёз ва Ҷидда, Москва, Остона, Тошканд, Алмато, Давҳа, Салони иштирок ва имкониятҳои сайёҳии кишварамон дар самтҳои сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, кӯҳнавардию шикор муаррифӣ гардиданд.

Инчунин зикр шуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон рӯз аз рӯз зиёд гардида, соли гузашта аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷии ба ҷумҳурӣ ташриф оварда 1 миллиону 154 ҳазору 478 нафари онҳо ҳамчун сайёҳ ҳисобида мешаванд, ки нисбат ба соли 2017 2,6 маротиба зиёд аст.

Дар ин давра шумораи сайёҳони дохилӣ аз ҳисоби шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои боздид аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, зиёратӣ, табобатӣ ва санаторию курортӣ 751 ҳазор нафарро ташкил дод.

Бо истифода аз имтиёзҳои фароҳамовардаи Пешвои миллат то имрӯз 75 ширкати нави сайёҳӣ таъсис дода шуда, ба бозори сайёҳии мамлакат ворид шуданд. Шумораи ширкатҳои сайёҳӣ дар маҷмӯъ ба 145 адад расонида шуд. Бо истифода аз имтиёзҳо ҷиҳати воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти инфрасохтории сайёҳӣ 9 лоиҳа, аз ҷумла бунёди меҳмонхонаҳо, маҷмааи сайёҳӣ, боғҳои фароғатӣ, роҳи танобӣ мавриди татбиқ қарор дода шуданд.

Дар ин давра дар ҳудуди ҷумҳурӣ меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ аз хизматрасониҳои 170 меҳмонхона, 94 осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо ва 60 гӯшаҳои иттилоотии сайёҳӣ истифода намуданд.

Ҳамзамон лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» дар таҳрири нав ва «Дар бораи ҳунармандӣ» таҳия карда шуданд. Тибқи ҳисоботи оморӣ, соли 2018 шумораи миёнаи кормандони субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ 4378 нафарро ташкил дод. Дар миқёси ҷумҳурӣ тибқи пешниҳоди маълумоти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, то имрӯз 6805 нафар ҳунармандоне, ки ба фаъолият машғуланд, ба рӯйхат гирифта шуда, дар кишвар 140 адад мағозаи фурӯши армуғонҳо амал менамоянд.

Дар ҷаласаи Шӯро ҳамзамон оид ба татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат вобаста ба рушди сайёҳӣ ва ҳунармандӣ дар маҳалҳо ва тадбирҳо оид ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гузоришҳои и. в. раиси ВМКБ Ёдгор Файзов, муовинони раисони вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳри Душанбе шунида шуданд.

Дар анҷоми ҷаласаи Шӯро барои бартараф намудани камбудию мушкилоти ҷойдошта, татбиқи босамари ҳадафҳои давлат оид ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021» ва иҷрои босифати «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, ҳамзамон Раиси Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво