25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҷамоати Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Қасри фарҳанг ва майдони Парчами давлатӣ бунёд мегарданд

713
Имрӯзҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави мамлакат— шурӯъ аз маркази вилоят, шаҳру ноҳияҳо то деҳаву маҳалҳои аҳолинишин корҳои ободониву бунёдкорӣ васеъ ба роҳ монда шудаанд.

Аз ҷумла, баҳри сари вақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ин ҷашни хотирмон дар яке аз ноҳияҳои калонтарини вилояти Суғд — Бобоҷон Ғафуров низ сохтмони як зумра иншоот бомаром ҷараён дорад.

Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ Ховар дар Суғд Абдуаҳад Шарифзода, давоми се соли минбаъда тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бунёду навсозии беш аз ҳазор иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар доираи таъсиси коргоҳу ҷойҳои нави корӣ, инчунин дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишини ҷамоатҳои ноҳия бунёди коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасрҳои фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва дигар иншооти муҳими аввалиндараҷаи иҷтимоӣ дар назар аст.

ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҷамоати Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Қасри фарҳанг ва майдони Парчами давлатӣ бунёд мегарданд


Аз ҷумла, имрӯзҳо, дар яке аз ҷамоатҳои сераҳолитарини ноҳия — Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмон сохтмони бинои муолиҷавии Беморхонаи ноҳиявии рақами 3 бомаром ҷараён дорад. Мувофиқи нақша, бинои беморхона аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар таҳхонаи он таҳлилгоҳ, утоқҳои рентгенӣ ва физиотерапевтӣ ҷойгир гардидаанд. Дар ошёнаи якум маъмурият, қабулгоҳ ва ташхисгоҳ, дар ошёнаҳои болоӣ шуъбаҳои беморхона ҷойгир карда мешаванд.

Ҳамзамон дар маркази ҷамоат бунёди Қасри фарҳанг ва дар шафати он сохтмони майдони Парчами давлатӣ бомаром ҷараён дорад. Қасри фарҳанг тибқи лоиҳа дорои 400 ҷойи нишаст ва 20 утоқи кориву ёрирасон мебошад. Майдони Парчами давлатӣ дар масоҳати як гектар сохта шуда, дар атрофи он гулгашту нишастгоҳҳо ва фаввораҳо бунёд мешаванд. Дар назар аст, ки иншооти зерин дар арафаи ҷашни Наврӯзи Аҷам мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ба ҳусни ҷамоат шукӯҳи хосса зам хоҳанд намуд.

Дар маҷмӯъ, дар доираи истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилояти Суғд бунёд ва таъмиру навсозии беш аз шаш ҳазор иншоот ба нақша гирифта шудааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво