29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

САНОАТИКУНОНӢ – ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ. Бо мақсади амалисозии он дар шаҳри Кӯлоб ба таҷдиду навсозии корхонаҳо шурӯъ карданд

1083
Ҳукумати мамлакат солҳои охир диққати асосиро ба се ҳадафи стратегӣ-баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқавории мамлакат ва таъмини Истиқлолияти энергетикӣ равона намуда буд. Дар Паёми навбатӣ аз 26 декабри соли 2018 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафи чорум- саноатикунонии мамлакат сухан гуфтанд. Дар ин замина дар шаҳри Кӯлоб ба таҷдиду таъмир ва навсозии коргоҳу корхонаҳои саноатӣ шурӯъ кардаанд.

Ба иттилои шуъбаи саноати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, айни замон дар шаҳр 52 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ мавҷуданд, ки 44 адади он пурра ё қисман фаъолият доранд. Соли 2018 ин коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 219 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки 115 фоизи нақшаи дурнаморо ташкил медиҳад.

Бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми мамлакат, яъне саноатикунонӣ соҳибкорон ба таҷдиду навсозӣ ва воридоти таҷҳизоти муосир камар бастаанд. Давоми ду соли охир ба ҶДММ «Ориён-Рустам», ки ба истеҳсоли маҳсулоти ширию гӯштӣ машғул аст, чанд адад таҷҳизоти муосир ворид карда шуд, ки ба беҳтар гардидани сифати маҳсулот мусоидат намуданд.

Ду соли оянда манъ гардидани санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ бо супориши Сарвари давлат соҳибкоронро рӯҳбаланд намуд. Амриддин Рустамов, роҳбари ҶДММ «Ориён-Рустам» мегӯяд: «Мо аз Федератсияи Россия ду таҷҳизоти нав барои пухтани ҳасиб ба маблағи беш аз 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ дастрас кардем. Имсол боз як дастгоҳи муосирро аз давлати Полша фармоиш додаем, ки камхарҷ буда, се дастгоҳи ҳозираи моро иваз мекунад. Ин имкон медиҳад, ки сифати маҳсулотро беҳтар намуда, нархи онро поин фарорем ва дар бозор рақобатпазир гардем».

Дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳибкорон сабаб гардид, ки коргоҳу корхонаҳои муосир дар шаҳру ноҳияҳо фаъол гардонида шаванд. Чанде қабл ҷамъияти мо дар назди корхона бинои забҳи чорво ба истифода дод. Минбаъд чорвои дар ин бино забҳшаванда аз муоинаи байторон гузаронида шуда, баъди забҳ барои фурӯш ва истеъмоли он иҷозат дода мешавад. Ин омил ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва дар ҳолати санитарию гигиенӣ омода кардани маҳсулот мусоидат мекунад».

Дар корхонаи шири шаҳри Кӯлоб низ номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда вобаста ба талаботи аҳолӣ афзоиш ёфта, шумораи коргарон аз ҳисоби занон зиёд карда шуд. Дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти мамлакат нисбат ба занон дилгармии онҳоро ба корҳои ободонию созандагӣ, пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифат бештар кардааст.

Ҳоло дар шаҳри Кӯлоб баҳри расидан ба ҳадафи чорум якчанд корхонаҳои аз фаъолият бозмонда таъмиру навсозӣ карда мешаванд. Корхонаи пахтатозакунӣ ки ҳанӯз солҳои ҳафтодуми асри гузашта сохта шуда буд, корношоям ва таҷҳизоти он ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест. Аз ин рӯ, соҳибмулкон таҷхизоти кӯҳнаю фарсударо бартараф намуда, биноҳои корхонаро таъмир мекунанд. Дар ин корхона 300 нафар сохтмончиён ба таъмиру навсозии биноҳо ҷалб карда шудаанд. Иттилоъ дода шуд, ки баъди анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ, ки 14 гектарро дар бар мегирад, шаҳрчаи саноатӣ бунёд гардида, беш аз 400 нафар шаҳрвандон дар коргоҳҳои хурду миёна соҳиби ҷои кор мешаванд.

Ҳамин гуна корҳои сохтмонию барқарорсозӣ дар корхонаи хишти шаҳр бомаром идома доранд. Соли 2018 ин корхона 2.5 миллион дона хишти пухта истеҳсол кардааст ва баъди ба анҷом расонидани сохтмони ду хати нави технологӣ истеҳсоли хишт соли 2019 ба 5 миллион дона расонида шуда, шумораи коргарон беш аз 100 нафарро ташкил хоҳад дод.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво