20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли орд дар Истаравшан

705
Имрӯзҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан низ корҳои ободониву бунёдкорӣ бо маром ҷараён доранд. Давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасри фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда мешаванд.

Масъулини шаҳр тасмим гирифтаанд, ки дар ин муддат дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишини ин гӯшаи диёр иншооти таъйиноти гуногун бунёд намоянд. Дар робита ба ин чанде қабл дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли орди ҶДММ «Тоҷикистон» ба фаъолият оғоз кард. Дар он 28 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Бино ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан, ҶДММ «Тоҷикистон» бо иқдоми соҳибкор Илҳом Сангинов бо харҷи 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст. Корхона бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар як шабонарӯз 60 тонна орд истеҳсол менамояд.

Мавриди зикр аст, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии мамлакат ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид. Маҳз саҳми чунин соҳибкорони ватандӯст метавонад ба рушди соҳаи саноати мамлакат ҳамаҷониба мусоидат намояд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво