28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сафари гуруҳи таблиғотӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

574
Сафари гуруҳи таблиғотӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Рӯзи 7 январи соли 2019 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол, Раиси ноҳия Баҳодурзода Абдуҷаббор Саттор ва фаъолону сокинони ноҳия доир ба баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ва роҳҳои амалигардонии дастуру супоришҳое, ки аз Паёми навбатӣ бармеоянд, ҷамъомад баргузор гардид.
Дар ҷамъомад аз ҷониби Раиси Кумита зикр гардид, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамои ҳар як фарди ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар амал татбиқ намудани он кафолати амнияти кишвар ва рушди бонизоми иҷтимоию иқтисодии мамлакат мебошад. Амалисозии он аз ҳар фарди ватандӯст ҳисси баланди масъулиятшиносӣ талаб менамояд. Аз ҷумла, оиди бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ҳалли масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои обу энергетика, фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузориву соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ, ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, саноатикунонии кишвар, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, баргузории муҳимтарин чорабиниҳои соли 2019 ва дигарҳо суханронӣ карда шуд.
Раиси Кумита барои тафсиру таблиғи Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчунин доир ба нишондиҳандаҳои иқтисодии кишвар, рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, имконияту шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, шомил нагардидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, бунёди инфрасохтори мувофиқ ба талаботи муосир андешаҳои худро баён намуд.
Сафари гуруҳи таблиғотӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Дар ин замина рӯзи 9 январи соли 2018 низ дар толори мактаби ҷамоати деҳоти 50-солагии Тоҷикистони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки намояндагони гурӯҳи кории ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, фаъолон ва бошандагони ҷамоати деҳоти 50-солагии Тоҷикистон ва Калинини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мулоқоти судманд баргузор гардид.
Дар он муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматуллозода Шаҳноза ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабов Сафаралӣ доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ сухан гуфтанд.
Аз ҷумла, иштирокдорон зикр доштанд, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дарвоқеъ фарогири ҳамаҷонибаи масоили иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангиву маданӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ ва амниятии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Сафари гуруҳи таблиғотӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Гуфта шуд, ки Сарвари давлат дар Паёми худ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои солҳои минбаъда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иҷтимои иқтисодии кишвар барои ҳалли он дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Имрӯзҳо Ҳукумати мамлакат баҳри ноил шудан ба ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушд пешбинигардида ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат тадбирҳои муассир андешида истодааст.
Аз ҷониби муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматуллозода Шаҳноза оиди бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ лоиҳаҳои иншоотҳо ба маърази тамошои иштирокчиён пешниҳод карда шуд.
Ҳамзамон зимни мулоқот баромадкунандагон ба суолҳои иштирокдорон ҷавобҳои мушаххас доданд.
Мухбири "РБ"




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво