29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Гурӯҳҳои таблиғотӣ моҳияти Паёми Пешвои миллатро ба сокинони пойтахт шарҳу тавзеҳ медиҳанд

515
Гурӯҳҳои таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сокинони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт шарҳу тавзеҳ медиҳанд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, дар ин бора 8 январ қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Ба иттилои манбаъ, қарори мазкур бо мақсади шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумони мамлакат ба тасвиб расидааст.

«Тибқи ин қарор гурӯҳҳои таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе моҳияти Паёми навбатии Пешвои миллатро, ки самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакатро дар бар мегирад, ба сокинони пойтахт мефаҳмонанд», — илова намуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки 26 декабри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро ба Парлумони мамлакат ирсол намуданд. Сарвари давлат зимни пешниҳоди Паёми навбатӣ бурду бохти мамлакатро дар соли сипаригардида таҳлил ва вазифаҳои минбаъдаро борои соли 2019 муайян намуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво