Медалҳои тиллои Чемпионати Тоҷикистон ба дастаи «Истиқлол» супорида шуданд
604
Шоми дирӯз дар фазои тантанавӣ ба футболбозони Клуби футболи «Истиқлол»-и Душанбе Ҷоми чемпионӣ ва медалҳои тиллоии мавсими футболи соли 2018 супорида шуданд. Дар ин маросим намояндагони Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Кумитаи олимпӣ, ФФТ ва рӯзноманигорону меҳмонон ширкат варзиданд.
Чемпиони Бозиҳои олимпӣ, муовини Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши мамлакат Дилшод Назаров ба узви Кумитаи иҷроияи ФФТ Фатҳулло Ҷалилов медалҳоро тақдим намуд. Ёдрас мешавем, ки дастаи «Истиқлол»-и Душанбе маротибаи ҳафтум аст, ки унвони чемпионӣ ва Ҷоми Тоҷикистонро ба даст меорад. Дастаи мазкур соҳиби Ҷоми олӣ ва Ҷоми ФФТ низ мебошад.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |