23 март 2019, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Паёми ояндасоз

67
Паёми ояндасоз
Тибқи нақшаи чорабиниҳо роҷеъ ба шарҳи мӯҳтавои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади ҳизбии Кумита доир гардид.
Дар ҷамъомад вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Абдуалимов Баҳром Абдулазимович ва муовини Раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидов Ҷамшед Ҳамроқулович, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад, инчунин кормандони дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои системаи Кумита иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи ҳизбӣ ду масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:
1. Дар бораи омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018.
2. Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҲХДТ «Сохтмончӣ» дар соли 2018 ва тасдиқи Нақша-чорабиниҳо барои соли 2019.
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол дар сухани ифтитоҳии худ қайд намуд, ки имрӯз мо дар бораи нуқтаҳои муҳим ва самтҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ибрози назар хоҳем кард. Аз ҷумла, мехоҳам таваҷҷӯҳи шумоёнро ба хусусиятҳои хоси Паёми имсола равона созам, ки он аз бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ҳалли масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои обу энергетика, фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузориву соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ, ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, саноатикунонии кишвар, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, баргузории муҳимтарин чорабиниҳои соли 2019 ва дигарҳо иборат мебошад.
Паёми ояндасоз
Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи корҳои солҳои охир анҷомдодаи хеш ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар карданд, ки соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёт ва фарҳангу илму варзиши мамлакат чӣ гуна равнақ ёфтааст. Сарвари давлат дар Паёми худ бо мисолҳои дақиқ ва далелҳои мушаххас нишон доданд, ки сатҳи зиндагии мардум то куҷо беҳтар шудааст. Мақому манзалати Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ дар кадом поя қарор дорад ва иқдому ташаббусҳои Тоҷикистон чӣ хел дастгирӣ карда мешавад.
Расман оғоз гардидани ташаббуси чоруми ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ - истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳалли масъалаҳои дар тӯли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯйдоди дигари таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардум мебошад.
Сиёсати давлат ба он равона карда шудааст, ки барои ҳар як сокини кишвар шароити арзандаи зиндагӣ таъмин карда шавад. Тайи се соли охир татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” амалӣ гардида, тадбирҳои афзалиятноки давраи аввали он ба “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ворид шудаанд ва нишондиҳандаҳои маҷмӯии рушди иқтисодӣ асосан иҷро гардида истодаанд.
Паёми ояндасоз
Бо мақсади зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот, тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ солҳои 2019-2021 аз ҷониби Пешвои миллат дар мамлакат “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид.
Дар бахши сиёсати хориҷии Паём пеш аз ҳама таъкид гардид, ки Тоҷикистон стратегияи «дарҳои кушода»-ро идома дода, бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ҳамкорӣ хоҳад кард. Ҳифзи истиқлолият, давлатдории миллӣ, асолату ҳуввияти миллӣ, амнияту суббот ва пешрафту тараққиёти кишвар аз вазифаи муҳимтарини сиёсати дохиливу хориҷии давлати Тоҷикистон номида шуд.
Андешаҳои худро Аҳмадзода Ҷ.Ҷ., идома дода, қайд намуд, ки доир ба таҷлили ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки ба масъалаи бунёди иншооти маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ, роҳҳо, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, махсусан ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва дигар корҳои созандагӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад.
Дар фароварди Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат иброз доштанд, ки «… Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафтаву нерӯманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем».
Кормандони Кумита ин дастурҳоро сармашқи кори худ намуда, барои таъмини иҷрои он кӯшиш ба харҷ ҳоҳанд дод,- гуфт Аҳмадзода Ҷ.Ҷ.
Паёми ояндасоз
Сипас, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия муҳтарам Абдуалимов Баҳром Абдулазимович ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидов Ҷамшед Ҳамроқулович дар баромади худ мӯҳтавои аслии Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба иштирокдорони ҷамъомад муфассал фаҳмониданд. Меҳмонон бо итминон изҳор намуданд, ки сохтмончиёну меъморони ҷумҳурӣ дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ҳамчун барномаи амал қарор дода, фаъолияти мақсадноки худро дар пешрафти ҷанбаҳои гуногуни ҷомеа аз рӯи чорабиниҳои тасдиқгардида равона менамоянд ва бо дарки масъулият ба ояндаи кишвар фаъолият бурда, дастуру супоришҳоро дар ҳаёт татбиқ намуда, барои иҷрои вазифаҳои дар Паём гузошташуда, аз ҷумла истифодаи технологияҳои ҳозиразамон барои истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ватанӣ, таҳияи лоиҳаи хонаҳои истиқоматии дастрас, лоиҳаи инфрасохтори сайёҳии ба талаботи муосир ҷавобгӯ, баланд бардоштани сифати корҳои сохтмонӣ, сохтмони иншооту биноҳои нав бо риояи талаботи санъати баланди меъморӣ ва бунёди иншоотҳои сохташаванда бахшида ба ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Паёми ояндасоз
Зеро ҳар як корманди Кумита бояд дар ҳамаи корҳои ободониву созандагӣ пешсаф, ташаббускор ва намунаи ибрат бошад.
Бо ҳамин ният ва орзуҳои нек қисми якуми ҷаласа хотима ёфт.
Масъалаи дуюми ҷамъомад ба ҷамъбасти фаъолияти Ташилоти ибтидоии ҳизбии “Сохтмончӣ” бахшида шуд. Қайд гардид, ки то имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Сохтмончӣ» ба номи кормандони сохтори Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати қабул ба сафи Ҳизби Халқии
Паёми ояндасоз
Демократии Тоҷикистон 5 билети ҳизбӣ омода шуд ва дар шоҳидии аҳли толор онҳоро ба соҳибонашон супориданд. Ҳамчунин оид ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис гузориши муовини Раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Сохтмончӣ» Сафарзода А.А. «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Сохтмончӣ» дар соли 2018 ва вазифаҳои он дар соли 2019» шунида шуд.
Паёми ояндасоз
Сипас, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад баромад намуда, ҷавонон ва аҳли толорро ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ, ба хусус дар масъалаҳои шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ даъват намуд.

Дар анҷоми ҷамъомад лоиҳаи қарори ҷамъбастӣ ва лоиҳаи нақшаи чорабиниҳои ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2019 бо назардошти фикрҳои баёншуда ва дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, такмил дода шуда, тасдиқ карда шуд.
Д.Нурзода,
мухбири “РБ”









Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво