24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе кӯдакистони №131 баъди навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт

686
27 декабр Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Гулбуттаи ноҳияи Фирдавсии пойтахт муассисаи таълимии томактабии №131 — ро, ки бо тарҳи назаррабо ва дар масоҳати 1600 метри мураббаъ бунёд шудааст, ифтитоҳ намуд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, ин муассисаи томактабӣ соли 1974 барои 100 нафар тарбиятгиранда сохта шуда буд.

Дар ин муддат кӯдакистони мазкур ягон маротиба таъмири асосиро надида, шароити он ба ягон талаботи меъёрию стандартӣ ҷавобгӯ набуд.

Дар асоси талошҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ сохтмони ин муассиса аз нав ба нақша гирифта шуд. Он бо фармоиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар асоси лоиҳаи ҶДММ «Неъматуллоҳ-2000» пудратчӣ — ҶДММ «Ниёз» бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Бояд зикр намуд, ки бинои нави кӯдакистони рақами 131 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо маблағи тақрибан 5 миллион сомонӣ сохта шуда, аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 110 тарбиятгиранда пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин дар ин боғчаи бачагона тамоми асбобу анҷоми хониш барои машғулиятҳои гуногун ва буду боши кӯдакон муҳайё карда шудааст.

Муассисаи таълимии томактабӣ дорои айвонча, ҳуҷраи хоб, толори бозии кӯдакон, варзишгоҳ, синфи мусиқӣ, утоқи корӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Ба мақсади беҳтар ба роҳ мондани таълиму тарбияи кӯдакон дар ин муассисаи томактабӣ омӯзиш ба ду забон -тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст.

Зимни шиносоӣ бо иншооти мазкур Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сифати корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки барои таълим ва тарбияи дурусти кӯдакон бояд аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода бурд, зеро онҳо ояндаи давлату миллатанд.

Вобаста ба ин Раиси шаҳр ба мураббиёну тарбиятгарони муассисаи мазкур дастур дод, ки дар тарбияи кӯдакон ҷиддӣ ва масъулиятшинос бошанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво