28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Паём - раҳнамои мо

968
Паём - раҳнамои мо

Кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он низ дар баробари дигар ташкилоту вазоратҳои ҷумҳурӣ ҳама дастаҷамъона тариқи телевизион Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо карданд.
Пас аз анҷоми ироаи Паёми Пешвои миллат мо бо чанд нафар аз кормандони Кумита вохӯрда, бардошти онҳоро аз шунидани Паём пурсон шудем.

Паём - раҳнамои мо

Низом Мирзозода муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон :

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 26 декабр зимни пешниҳоди Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат се ҳодисаи солро эълон намуданд.

Аввалин ва муҳимтарини он, ба гуфтаи Роҳбари давлат, ин Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» мебошад, ки 22 март расман оғоз гардид. Даҳсолаи мазкур бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаммуаллифӣ бо 177 мамлакати узви СММ пешниҳод гардида, 21 декабри соли 2016 дар ҷаласаи пленарии ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ якдилона қабул гардид.

Паём - раҳнамои мо

Ҳодисаи дуюм ва тақдирсоз барои ҳамаи тоҷикистониён – ин ба истифода додани агрегати нахустини Неругоҳи барқи обии «Роғун» аст, ки ба 16 ноябр рост омад. Мардуми тоҷик ин ҳодисаро се даҳсола боз бо умедворӣ интизор буданд ва онро бо итминон метавон таърихӣ номид.

Сеюмин ҳодиса – рафтуомади мутақобила ва сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошад, ки дар ҷараёни он созишномаҳои муҳим ва таърихӣ дар самти рушди ҳамкории стратегии минбаъда ба имзо расиданд.

Улуғбек Умаров, Директори КВД «Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии» Сохтмон ва меъморӣ»:

- Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Зимни манзури Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат, ки фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад.
[im
Паём - раҳнамои мо
Пешвои миллат зикр карданд, ки дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 фоиз то 17,3 фоиз афзоиш ёфт.
Абубакр Сафарзода, Директори Муассисаи давлатии "Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ":
- Аз моҳи сентябри соли 2018 маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин нафақа ва стипендия то 15% баланд бардошта шуд. Ин нуктаро имрӯз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат баён доштанд.
Сарвари давлат дар идомаи суханони худ гуфтанд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои амалӣ намудани ин иқдом дар соли 2019 1,2 миллиард сомонӣ равона мегардад.
Паём - раҳнамои мо
-Дар асоси барномаҳои қабулгардида, — гуфтанд Пешвои миллат, — мо бояд тарзе заҳмат кашем, ки барои баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва нафақа дар солҳои минбаъда низ заминаҳои зарурӣ гузошта шаванд.
«Яъне мо бояд дар оянда тавонем бо роҳи рушди иқтисодии мамлакат, саноатикунонӣ, рушди истеҳсолот, бо назардошти сарчашмаҳои иловагии буҷети давлатӣ ҳар сол то 10-15 % маош ва нафақаю стипендияро баланд бардорем», — илова намуданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Паём - раҳнамои мо
Лутфулло Наврузов,- Бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ амалӣ карда мешавад. Ин матлабро имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни манзури Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат иброз намуданд.

Дар робита ба ин Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки барои бартараф кардани монеаҳои маъмурӣ, таъмин намудани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорон бо аҳолӣ соли 2019 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ»-ро таҳия ва пешниҳод намоянд.Инчунин супориш дода шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ташкил намудани марказҳои хизматрасонӣ, ки дар як вақт вазифаи маркази таълимии соҳибкоронро иҷро мекунанд, тадбирҳои зарурӣ андешад.

Паём - раҳнамои мо
Ба андешаи Сарвари давлат, «ин кори бисёр муҳим буда, ба воситаи курсҳои махсус ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ ба ин соҳа такон бахшида мешавад. Чунин таҷрибаҳо ҳатто дар Аврупои пешрафта низ бисёр маъмул аст. Дар Аврупо ба воситаи курсҳои махсус ба соҳибкорон кумак мекунанд ва дониши онҳоро сайқал медиҳанд».

Паём - раҳнамои мо




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво