Шиносоӣ бо маҳсулоти “Ферекс”
659
Дирӯз дар толори маҷлиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии маҳсулоти яке аз бузургтарин ширкати истеҳсолкунандаи чароғакҳои светодиодии таъиноташон гуногуни ҶДММ “Хонаи савдои Ферекс”дар Федератсияи Русия баргузор гардид. Намояндаи ширкати мазкур ҷамъомадагонро бо намунаҳо аз маҳсулоти истеҳсол намудаи ширкат шинос намуда, оид ба хусусият ва бартарии онҳо шарҳи муфассал дод. Ба иттилои намояндаи ширкат ҳамаи таҷҳизоти корхона аз мамлакатҳои Олмон, Ҷопон ва Испания ворид гардидаанд. Лампаҳои светодиодӣ бошанд, аз ширкати Nichia-и Ҷопон дастрас карда мешаванд. Корхонаи махкур зиёда аз 50 000 ҳазор фурӯзонакҳои светодиодиро дар муддати як моҳ истеҳсол менамояд. Сипас, дар давоми 3 соат дар шиддатҳои гуногун онҳоро санҷида, ба истеъмолкунандагон пешкаш менамояд. Мӯҳлати истифодаи чароғакҳо 5 –сол ва захираи кории он на камтар аз 100 000 соатро ташкил медиҳанд. Зиёда аз 100 номгӯй чароғакҳои истеҳсолнамудаи ин ширкат роҳу роҳравҳо ва бинову иншооти таъиноташон гуногуни шаҳрҳои Федератсияи Руссияро фурӯзон кардаанд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |