29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Баргузории Намоишгоҳи Сафорати Руминия дар Душанбе

587
Дар ҳошияи ҷашни солгарди Рузи миллии Руминия бо ибтикори Сафорати он кишвар (бо қароргоҳ дар шаҳри Остона) дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena Hotel”-и пойтахт намоиши аксҳо, ҳунарҳои мардумӣ ва саноеи нафисаи Руминия, ки ба руйхати мероси фарҳангии ЮНЕСКО шомил гардидаанд, баргузор шуд.

Дар чорабинии мазкур намояндагони масъули вазорату идораҳои кишвар, ҳайати дипломатии муқими Душанбе ва сокинони пойтахт иштирок намуданд.

Ин иқдоми Сафорати Руминия, ки ба муаррифии фарҳанги ғанӣ ва таърихи куҳани Руминия равона шуда буд, аз ҷониби иштирокдорон баланд арзёбӣ гардид.

Баргузории Намоишгоҳи Сафорати Руминия дар Душанбе

Баргузории Намоишгоҳи Сафорати Руминия дар Душанбе

Руминия дар ҷанубу шарқии Аврупо ҷойгир буда, яке аз кишварҳои калонтарини ин қора ба ҳисоб меравад ва аз ҷиҳати расму оин ва фарҳангу тамаддун бой аст. Дар ин кишвар, чун дар Тоҷикистон, ҳунари кулолгарӣ дар деҳот маъруфияти зиёд дорад ва маҳсули дасти кулолгарон ҳар сол дар Ярмаркаи байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ, ки дар ин ҷо доир мнегардад, ба намоиш гузошта мешавад. Гулдӯзиҳои мардуми румин бошанд, аз ҷиҳати рангу тоб чакани тоҷикиро, чанде пештар аз ҷониби ЮНЕСКО ба Руйхати мерооси ғайримодии ҷаҳонӣ шомсил гардид, ба ёд меоранд.

Ин нахустин чорабинии фарҳангии Руминия дар Тоҷикистон ба шумор рафта, онро саҳми босазо дар рушди робитаҳои байнифарҳангии кишварҳоямон метавон унвон кард.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво