10 декабр 2018, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Кумита-2018»

48
Бо ташаббуси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани агрегати якуми НБО-и «Роғун» ва оммавӣ гардонидани футбол дар байни кормандони Кумита ва корхонаву ташкилотҳои дахлдори соҳа мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Кумита-2018» баргузор гардид.

Мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Кумита-2018»

Мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Кумита-2018»

Дар ин мусобиқа дастаҳои футболи дастгоҳи марказӣ ва корхонаву ташкилотҳои системаи Кумита, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, факултаи сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ҶСК «ПИЛҶ САНИИОСП», КВД «Душанбешаҳрсоз» ва ҶСК «Селтехпроект» иштирок намуданд.

Мусобиқа санаи 7 ноябр оғоз гардида, санаи 1 декабри соли равон ҷамъбаст гардид.

Ба бозиҳои финалӣ 4 даста – ҶСК «Корезлоиҳа», КВД «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ», Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва факултаи сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ роҳ ёфтанд.

Мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Кумита-2018»

Мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Кумита-2018»

Барои ишғол намудани ҷойи якум ҶСК «Корезлоиҳа» бо КВД «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ» қувваозмоӣ намуданд. Дар натиҷа ҶСК «Корезлоиҳа» бо задани 1 (як) гол ба дарвозаи КВД «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ» сазовори ҷойи аввал гардид.

Мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Кумита-2018»

Мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Кумита-2018»

Пас аз ҷамъбасти мусобиқа, аз ҷониби Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамшед Аҳмадзода ба ғолибони мусобиқа ҷоизаҳо ва ба ҳамаи иштирокчиёни мусобиқа сипосномаҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.

Дар фарҷоми мусобиқа, Раиси Кумита ҳамаи иштирокчиёни мусобиқаро барои иштироки фаъолонаашон изҳори сипос намуда, ба ҳамаи онҳо барори кор ва муваффақиятҳо орзу намуданд.

Мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Кумита-2018»

Мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Кумита-2018»

Мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Кумита-2018»

Мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Кумита-2018»







Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво