10 декабр 2018, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Дар шаҳри Душанбе Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон бошукӯҳ таҷлил гардид

32
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Парчам – рамзи шарафмандии давлатдории миллӣ» ҷамъомади бошукӯҳи фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷамъомади мазкур, ки бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир карда шуд, намояндагони Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, муассисаҳои олии мамлакат, варзишгарон – ғолибони мусобиқоти ҷумҳуриявию байналмилалӣ, гирандагони стипендияи президентӣ ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.

Баъди дар фазои тантанавӣ, соҳибистиқлолӣ ва ваҳдату ягонагӣ садо додани Суруди миллии Тоҷикистон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷамъомадро ифтитоҳ намуда, паёми табрикотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии мамлакат ба иштирокчиён қироат намуд.

Дар паёми табрикии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла омадааст: «Ҳар сол бисту чоруми ноябр дар кишвари соҳибистиқлоли мо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад… Рӯзи Парчами давлатӣ имсол дар рӯзҳои ба истифода додани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун», яъне рӯйдоди воқеан таърихӣ дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон таҷлил мегардад. Сокинони заҳматқарину созандаи мо ба ин дастоварди бузург таҳти парчами парафшони давлати соҳибистиқлоламон ноил гардиданд ва ин иншооти бузурги асрро бо дарки баланди масъулияти ватандорӣ ва умед ба фардои боз ҳам ободу пешрафтаи ватани азизамон бунёд карда истодаанд».

Дар ҷамъомади мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ аз номи Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ҳамагонро табрик намуда, иброз дошт, ки сокинону пойтахт ҳамеша зери сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат барои ободии шаҳр заҳмат кашида, дар рушди минбаъдаи он талош хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки 24 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи навбатии Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Парчами миллии Тоҷикистон қабул гардид, ки соли равон ба қабули он 26 сол пур шуд.

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2009 инҷониб бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расман таҷлил карда мешавад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди соҳибистиқлолии Тоҷикистон тасдиқ гардид, аз се ранг — сабз, сафед ва сурх иборат буда, ранги сабз — сарсабзӣ, сафед роҳи сафед, хушбахтӣ, иқболи наку ва ранги сурх озодӣ ва мустақилиятро ифода мекунанд. Парчам дар радифи дигар муқаддасоти миллӣ- Конститутсия, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ яке аз рукнҳо ва рамзҳои давлатдорӣ мебошад, ки аз ҳастии миллат ва давлати воҳид шаҳодат медиҳад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки соли 2011 бо ташаббусу роҳнамоиҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баландтарин парчам дар ҷаҳон, ки баландии сутунаш 165 метр мебошад, барафрохта шуда, ба Китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид гардид.

Саъдӣ Маҳдӣ, декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба он андеша аст, ки Дирафши Ковиён ҳамчун аввалин парчами қадимии тоҷикон, рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории халқҳои ориёинажод мебошад.

«Бо мурури замон калимаи дирафш дигар шуд ва имрӯз бо номи Парчам дар байни мардум пазируфта шудааст. Дирафш, дурафш ё дарафш ва феъли дирафшидан ба маънои дурахшидан, барқ задан ва алвонҷ хӯрдан ҳамреша буда, бо вожаҳои дур(р)фишону дур(р)афшон таносуби шаклӣ дорад. Чуноне аз сарчашмаҳо бармеояд, дурафши ковиёнӣ ғарқи дурру гуҳар буд, пеши назар алвонҷ хӯрдан бо ҳама зебу ороиш ва дурру гуҳараш дар ҳарду маъно ҷилвагар мешавад. Маҷозан «дирафшӣ кардан» маънии худро ангуштнамову машҳур кардан аст», — илова намуд Саъдӣ Маҳдӣ дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар».

Қаҳрамони бозиҳои олимпӣ ва барандаи чандинкаратаи ҷойҳои ифтихории мусобиқоти байналмилалӣ Дилшод Назаров муроҷиатномаи иштирокчиёни ҷамъомадро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манзур намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст: «Мо наврасон, ҷавонон ва варзишгарон дар Ватани маҳбуби худ ба туфайли сиёсати некбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давраи созандагиву бунёдкорӣ ворид гардидем. Дар ин марҳилаи нав вазифаи муқаддаси ҳар яки мо аз он иборат аст, ки дар пешрафти давлати соҳибистиқлоли худ беш аз пеш саҳмгузор бошем ва кӯшиш намоем, ки арзишҳои истиқлолияти давлатиро ҳарчи бештар тарғиб намуда, дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ҳисси ифтихори миллӣ ва шаъну шарафи шаҳрвандӣ тарбият гирем ва хислатҳои неки инсониро тараннум созем».

Ёдовар бояд шуд, ки имрӯз дар майдони боғи «Парчами миллӣ» беш аз 8 ҳазор нафар қишри гуногуни ҷомеа ҷамъ омада, дар фазои соҳибистиқлолии Ватан ва зери Парчами баландтарини ҷаҳон ҷамъомади бошукӯҳи фарҳангиро тамошо намуданд.

Шукӯҳи ДАЛЕР,
Тоҳир Саид,
АМИТ «Ховар»







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво