29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Эҳтироми Парчам-арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, ниёгони тамаддунсоз, миллат ва давлату давлатдорист

657
Имрӯз мо дар арафаи таҷлили иди пуршукӯҳ, Рӯзи Парчами давлатии Чумҳурии Тоҷикистон қарор дорем.

Воқеан ҳам давлати соҳибистиқлолро бе доштани рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчам тасавур кардан ғайриимкон аст.

Парчам яке аз нишонаҳои пурифтихору ҳувиятсози миллат мебошад. Парчамро дар баробари забону фарҳанг, нишону суруди миллӣ муқаддас медонанд. Аз давраҳои қадим то ба имрӯз парчам ба ҳайси як нишона ва аломати қавми муайян, халқи муайян ва миллати муайян хизмат кардааст. Дар парчамҳои халқҳои гуногун, пеш аз ҳама, ҷуғрофия, иқтисодиёт, фарҳанг, заминаҳои таърихию тамаддуни ин ё он кишвар ва халқ инъикос ёфтаанд. Аз ҷумла, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ифодакунандаи дастовардҳои фарҳангию иҷтимоӣ ва иқтисодии миллат аст, ки аз даврони қадим бо халқи мо ҳамқадаму ҳаммаром будааст.

Дар робита ба нақши Парчами миллӣ дар баланд бардоштани мавқеи мамлакат дар ҷомеаи ҷаҳонӣ зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон ҒУЛОМЗОДА чунин ибрози назар намуд:


Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами давлатӣ нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Парчами давлатӣ рамзи гиромидошти яке аз муқаддасоти миллати соҳибмаърифат, нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, илҳомбахши фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи миллат ва ҳидоятгару раҳнамои мардуми кишварамон ба сӯи шукуфоӣ ва зиндагии пурсаодат мебошад.

Парчами давлатӣ имрӯз ҳамчун нишони азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши се ранг: ранги сурх-озодиву истиқлол, ранги сафед-сулҳу оромӣ, ранги сабз-ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи заррини соҳбдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву каҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.

Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии Ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ, аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ мебошад.

Парчами давлатӣ барои мо нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад. Имрӯз мо бояд, ки аз Парчами давлатии худ ифтихори тамом дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандон ва ҷавонону наврасон талқин намоем.

Бояд тазаккур дод, ки гузаштагони арҷманди мо ҳазорсолаҳо таҳти парчами хеш саф кашида, тамомияти арзӣ, ҳувияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, нангу номус ва забону фарҳанги худро ҳимоя кардаанд. Парчами давлатӣ барои мо як пораи матои одӣ набуда, балки дар он даъват ба муттаҳидӣ, ваҳдат, ғайрату номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум ва саъю талош барои бунёди ҷомеаи адолатпарвар таҷассум гардидааст. Яъне ба хотири хизмати содиқона ба Ватану миллати хеш дар баробари дигар муқаддасоти милливу давлатӣ дар назди парчам аз сарбози одӣ то Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд.

Мояи ифтихору сарфарозист, ки Парчами миллии тоҷикон дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои ҷаҳоние, ки Тоҷикистон узви онҳост, инчунин сафоратҳо ва намояндагиҳои кишварамон дар давлатҳои дигар партавфишонӣ мекунад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кишваре сафар кунанд ва мулоқот анҷом диҳанд ё варзишгарони тоҷик чун дар мусобиқаҳо пирӯзӣ ба даст оранд, баробари садо додани Суруди миллӣ парчами кишварамон низ афрохта мешавад.

Дар чорабиниҳои гуногуни сатҳи олӣ ва фарҳангии берун аз кишвар низ ҳунармандон ба хотири гиромидошти арзишҳои миллӣ парчамро низ парафшон мекунанд.

Ҳунармандони машҳури кишварамон меҳру муҳаббати худро нисбат ба парчами давлатӣ дар шеъру суруд ва таронаҳои худ таҷассум мекунанд.

Бояд зикр намуд, ки Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иди миллӣ ба худшиносӣ, боло рафтани ҳисси ифтихори милливу ватандорӣ ва эҷоди асарҳои асили санъат мусоидат менамояд.

Парчами миллӣ имрӯз дар офаридаҳои ҳунармандон низ тасвир меёбад. Аз ҷумла, кулолгарон, бофандагон, кашидадӯзон ва онҳое, ки ба санъати ороиши миллӣ сару кор доранд, дар офаридаҳояшон ин рамзи миллиро тасвир мекунанд. Зеро меҳмононе, ки ба Тоҷикистон ташриф меоранд, рамзи ин сарзамини пурганҷро бо худ армуғон мебаранд.

Хуллас, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои арҷгузорӣ ба тамоми арзишҳои миллатро аз оғози таърих то ба имрӯз дорад. Эҳтироми парчам -арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, ниёгони тамаддунсоз, эҳтиром ба миллат ва давлату давлатдорист. Аз ин хотир, эҳтироми парчами миллӣ бояд дар миёни мардум ҳамчун муқаддасоти волои миллӣ пазируфта шавад.

Вазифаи мо насли имрӯзаи миллат дар рӯҳияи эҳтиром доштану рӯ овардан ба арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба онҳо тарбия намудани ҷавонону наврасони миллатамон мебошад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво