25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 – солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати нахустини неругоҳи барқи обии «Роғун»

796
Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 – солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати нахустини неругоҳи барқи обии «Роғун» маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,                 26 – солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати нахустини неругоҳи барқи обии «Роғун»

Санаи 15 ноябри соли 2018 бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 – солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати нахустини неругоҳи барқи обии «Роғун» дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи кормандони Кумита ва корхонаву ташкилотҳои лоиҳакашиву сохтмонии шаҳри Душанбе маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Зуфар Муртазохон оид ба дастовардҳо дар даврони Истиқлолият ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқароркунии сулҳу ваҳдат ва ободиву рушди Тоҷикистон сухан гуфт.

Дар ҷамъомад ҳамзамон мутахассиси пешбари Раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмони дастгоҳи марказии Кумита Фарида Азизова ва мутахассиси Раёсати сохтмон ва раванди ҳамгироии дастгоҳи марказии Кумита Асрор Асроров оид ба ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон ва рушди неруи инсонӣ, ба кор шурӯъ намудани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва аҳамияти ин иншооти бузург барои Тоҷикистон ва минтақа сухан ронданд.

Қайд карда шуд, ки бо назардошти саҳми арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз соли 2016 инҷониб 16 ноябр дар мамлакат ҳамчун Рӯзи Президент таҷлил карда мешавад.

Мақсади ҷамъомад ин арҷгузорӣ ба заҳмат ва талошҳои ҳамарӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
"РБ"




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво