29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар шаҳри Душанбе Фестивали «Оши палав» баргузор гардид

1075
Имрӯз дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Фестивали «Оши палав» баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Шукӯҳи ДАЛЕР аз ҷараёни фестивали мазкур иттилоъ медиҳад, чорабинии мазкур бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он зиёда аз 200 нафар ошпазони беҳтарин аз гӯшаву канори мамлакат ҷамъ омада, маҳорати таббохии худро пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахт намуданд.

Дар шаҳри Душанбе Фестивали «Оши палав» баргузор гардид

Ҳамчунин дар доираи баргузории фестивали мазкур баҳри хушҳолии иштирокдорон барномаи консертӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил карда шуд.

Мақсад аз баргузории Фестивал- муаррифии фарҳанги дастурхондорӣ, тарғибу ташвиқи ҳунари ошпазӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии халқи тоҷик дар доираи таҷлили Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Мардуми тоҷик аз қадим бо фарҳангу маданият, маҳорати хос, кадбонуҳои ҳунарманд ва таомҳои бисёр болаззати миллӣ дар минтақа ва ҷаҳон машҳур аст. Шӯҳрати ҷаҳонии кишвари мо баъди аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани забон, таърих, фарҳанг, маданият, расму оинҳои қадимаи аҷдодӣ, оинҳои неки башардӯстӣ ва дигар арзишҳои муқаддаси сарзамини бостонӣ афзун шуд.

Дар шаҳри Душанбе Фестивали «Оши палав» баргузор гардид

Ин буд, ки бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 дар ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ номинатсияи «Оши палав»-и тоҷикон дар қатори беҳтарин намунаҳои фарҳанги ғайримоддии ҷаҳонӣ сабти ном гардид.

Ниёгони мо, тоҷикон бар он назаранд, ки оши палав хӯроки анъанавӣ буда, дар байни халқамон маҳбубияти хос дорад. Ба ин хотир онро «маҳбубтарин хӯрок» ва бештар аз ҳама «шоҳи таомҳо» меноманд.

«Одатан ҷашну маросим ва нишастҳои тоҷикон бе оши палав намегузарад. Вақте ки ба хонаи мо меҳмон меояд, мизбон муваззаф мешавад, ки баҳри иззати ӯ оши палав пазад», — омадааст дар китоби «Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон».

Маъмулан барои пухтани оши палав сабзӣ, биринҷ, гӯшт, равған, пиёз ва обу намак истифода мекунанд. Инчунин мувофиқи табъ ва хоҳиш ба он нахӯд, зира, заъфарон, сирпиёз, биҳӣ, мурч, зелол, лиму ва дигар давоҳои хуштамъкунанда илова карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки номинатсияи оши палав аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба таври мустақил ба Юнеско пешниҳод гардида, ҳарду давлат сертификати алоҳида ба даст овардаанд.

Муҳаққиқон бар он назаранд, ки фарҳанги оши палав ҳам дар мо ва ҳам дар ӯзбекон тақрибан монанд аст ва ҳар кадом кишвар ба тариқи мустақил ин хӯрокро пешниҳод карда, соҳиби сертификати Юнеско гардид.

Тибқи иттилои коршиносони тоҷик, дар сарчашмаҳои таърихӣ беш аз 50 навъи палав оварда шудааст ва палави тоҷикӣ аз палавҳои эронӣ, туркӣ ва ҳиндӣ фарқ мекунад. Ҳоло ошпазони касбии тоҷик 130 навъи палавро пухта метавонанд.

Дар шаҳри Душанбе Фестивали «Оши палав» баргузор гардид

Бояд гуфт, ки баргузории Фестивали «Оши палав» дар густариши фарҳанги миллӣ, аз ҷумла фарҳанги оши палав мусоидат мекунад. Ошпазон дар ҳаҷми 250 кг биринҷ, 200 кг гӯшт, 40 литр равғани зағер, 50 литр равғани офтобпараст, 30 кг пиёз, 1 кг зира, 1 кг мурч, 5 кг мавиз ва 1 кг ғураи зелол (барбарис) оши палав омода намуданд.

Барои болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор карда шуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво