28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ФАРМОИШ Дар бораи ворид намудани тағйирот ба ҳуҷҷати роҳбарикунандаи системаи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон

987
ФАРМОИШ

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба ҳуҷҷати роҳбарикунандаи системаи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҲРС ҶТ 81-217-2011) «Дастури методӣ оид ба муайян намудани андозаи хароҷотҳои борхатӣ ва фоиданокии харҷномавӣ дар сохтмон»

Мутобиқи моддаи 25 Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 13 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, банди 6 Қоидаҳои нархгузории корҳои сохтмонӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2017, №324 тасдиқ шудааст, бандҳои 4, 8 Низомномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №150 тасдиқ шудааст ва Протоколи Комиссияи байниидоравӣ оид ба нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон
аз 9 октябри соли 2018, №3,

ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:

1. Ба ҳуҷҷати роҳбарикунандаи системаи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҲРС ҶТ 81-217-2011) «Дастури методӣ оид ба муайян намудани андозаи хароҷотҳои борхатӣ ва фоиданокии харҷномавӣ дар сохтмон», ки бо фармоиши директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2013, №5/ф тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:
- сутуни 3, замимаи 3, қисми I дар банди 9 рақами «90» ба рақами «108» иваз карда шуда, дар банди 37 рақами «115» ба рақами «80» иваз карда шавад;
- сутуни 3, замимаи 2, қисми II дар банди 9 рақами «85» ба рақами «95» иваз карда шуда, дар банди 37 рақами «90» ба рақами «50» иваз карда шавад.
2. Дар қисми II замимаи 5 «Харҷҳо ба хизматрасонии коркунони сохтмон» банди нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«5. Музди маоши иловагии коргароне, ки дар корҳои пудратӣ машғул мебошанд, аз он ҷумла дар сохтмони бино ва иншооти муваққатӣ (титулӣ), дар истифодабарӣ ва хизматрасонии мошинҳои сохтмонӣ ва дигар корҳои ғайриасосӣ ҳамчунин пардохти эҳтиёҷоти иҷтимоӣ.».
3. Банди 6 замимаи 3 қисми I «Меъёрҳои хароҷотҳои борхатӣ аз рӯи намуди корҳои сохтмонию васлкунӣ» дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
- 6. Конструксияҳои бетонӣ ва оҳанубетонии яклухт дар сохтмони (МУХ, НВ – 06):
- 6.1 Саноатӣ – 105;
- 6.2 Тайёркунии бетону соруҷҳо дар шароитҳои сохтмонӣ – 66;
- 6.3 Манзилӣ-шаҳрвандӣ – 120.
4. Хароҷотҳое, ки дар меъёрҳои хароҷотҳои борхатӣ ба инобат гирифта намешаванд, аммо ба хароҷотҳои борхатӣ мансуб дониста мешаванд мувофиқи замимаи 5 қисми V «Номгӯйи бандҳои хароҷоти борхат дар сохтмон» ҲРС ҶТ 81-217-2011 «Дастури методӣ оид ба муайян намудани андозаи хароҷотҳои борхатӣ ва фоиданокии харҷномавӣ дар сохтмон» аз ҷониби фармоишгар аз ҳисоби харҷҳои ғайричашмдошт ё ҳисобҳои асосноккунанда ҷуброн карда мешавад.
5. Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон»:
- дар ҳуҷҷатҳои меъёрии амалкунанда мутобиқи фармоиши мазкур тағйироти дахлдорро ворид намояд;
- усули ба танзим даровардани меъёри хароҷоти борхат ва фоиданокии харҷномавиро дар давоми шаш моҳи соли 2019 мавриди омӯзиш қарор дода, таклиф пешниҳод намояд.
6. Ҳуҷҷатҳои харҷномавие, ки то мавриди амал қарор гирифтани фармоиши мазкур тибқи тартиби муқарраргардида аз ташхиси Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва расмиёти хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ гузаштаанд, аз нав ҳисоб карда намешаванд.
7. Фармоиши директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2013, №59/ф «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҲРС ҶТ 81-217-2011 «Дастури методӣ оид ба муайян намудани андозаи хароҷотҳои борхатӣ ва фоиданокии харҷномавӣ» аз эътибор соқит дониста шавад.
8. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи салоҳият вогузор карда шавад.

Раиси Кумита Ҷамшед Аҳмадзода




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво