29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Варзишгари тоҷик Шаҳриёр Даминов дар мусобиқаи қаиқронӣ соҳиби медали тилло гардид!

559
Варзишгари маъруфи тоҷик Шаҳриёр Даминов дар қувваозмоии қаиқронӣ дар каноэи якнафара ба масофаи 1000 метр сазовори медали тилло шуд. Дар ин масофа ҷои дуюмро намояндаи Ӯзбекистон ва зинаи сеюмро варзишгари Эрон ишғол намуданд.

Тавре аз Федератсияи қаиқронии Тоҷикистон иттилоъ доданд, 22 октябр дар чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ миёни ҷавонони то 23-сола варзишгарони Тоҷикистон сазовори ду медал гардиданд. Шаҳриёр ҳамчунин дар каноэи чорнафара ба масофаи 1000 метр ҳамроҳ бо Мустафо Даминов, Иван Ковалев ва Дилшод Ҷӯраев медали биринҷӣ ба даст овард.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола ва Ҷоми Осиё оид ба қаиқронӣ дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо иштироки варзишгарони 15 давлати Осиё 20 октябр оғоз гардида, 25 октябр ба анҷом мерасад.

Аз ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мусобиқот 23 варзишгар иштирок доранд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво