29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид

598
Имрӯз, 17 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи навбатии Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори Шӯро роҳбарони вазорату идораҳо, роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин кормандони масъули Кумитаи рушди сайёҳӣ ва намояндагони ассотсиатсияву ширкатҳои сайёҳӣ иштирок намуданд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа роҳҳои амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таҳия шуда, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2018 тасдиқ гардидаанд, мавриди муҳокима қарор гирифт.

Бо мақсади таҳлили ҳамаҷонибаи самтҳои муҳими Стратегия раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода зимни муаррифии он зикр намуд, ки Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳамчун ҳуҷҷати асосии рушди соҳа ҳадаф, вазифа ва самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи сайёҳии кишварро барои давраи то соли 2030 муайян намуда, ба сифати унсури ташаккули нақшаҳо ва роҳнамои ташаббусҳои соҳибкории шаҳрвандон дар соҳаи сайёҳии кишвар нақши калидӣ дорад. Стратегия тавассути се барномаи миёнамуҳлат, ки ҳар яки он чорсолиро дар бар мегирад, татбиқ карда шуда, барои амалишавии он сармоягузориҳои давлативу хориҷӣ ҷалб карда мешаванд.

Дар рафти ҷаласа доир ба амалигардонии саривақтӣ ва босифати Стратегия андешаҳои роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар иштирокдорон баён гардиданд.

Дар ҷаласаи Шӯро ҳамзамон вобаста ба масъалаи иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, рафти амалишавии Барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2018-2020, татбиқи супоришҳои ҷаласаи якуми Шӯро гузориши роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо шунида шуд.

Дар фароварди кори ҷаласаи Шӯро баҳри бартарафсозии камбудию мушкилиҳои ҷойдошта ва иҷрои босифату пурраи нақшаи чорабиниҳои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин татбиқи Стратегия ва Барномаи қабулшуда аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво