17 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ТО БА ИСТИФОДА ДОДАНИ АГРЕГАТИ ЯКУМИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН» РАСО ЯК МОҲИ ДИГАР МОНД!

659
Дар сомонаи расмии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» соати ҳисоботи мутақобила насб карда шудааст. Дар он имрӯз мехонем: то ба истифодадиҳии агрегати аввали НБО «Роғун» 30 рӯз монд.
ТО БА ИСТИФОДА ДОДАНИ АГРЕГАТИ ЯКУМИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН» РАСО ЯК МОҲИ ДИГАР МОНД!
“Ҳамин минвол, баъди як моҳ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як рӯйдоди фараҳбахш ва фаромӯшнопазир ба амал омада, дар китоби таърихи он бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Вақте шахс навиштаи худро бо чунин ҷумла оғоз мекунад, бешак мавзӯи назари ӯ ба истифода додани агрегати аввали Неругоҳи барқи обии (НБО) «Роғун» мебошад, ки маросими он 16 ноябр-дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. «Ҳангоми ба ин макон, алалхусус ба мавзеи корҳои сохтмонӣ ворид шудан ҳар нафар бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор ба он менигарад ва меболад. Зеро сарбанди 335- метраи НБО «Роғун», баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) дар ҷаҳон буда, барои мамлакати мо иншооти дорои аҳамияти стратегӣ ба ҳисоб меравад»,- навиштаанд хабарнигорони АМИТ «Ховар», ки чанде пеш ба ин иншоот сафар карда, бо раванди корҳои сохтмонӣ ва омодагӣ ба маросими баистифодадиҳии агрегати аввали он шинос шуданд.

Назаре ба таърихи бунёди неругоҳи азим

Неругоҳи барқи обии «Роғун» сохтмони азимест, ки ҳанӯз соли 1930 ба нақша гирифта шуда, соли 1960 корҳои омӯзишӣ ва соли 1976 бунёдаш сар шуд. Он яке аз бузургтарин иншооти гидроэнергетикии ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Сохтмони сарбанди неругоҳ соли 1987 шурӯъ гардида, баландиаш то соли 1993 ба 40 метр расид. Аз соли 1976 то соли 1993 корҳои зиёди сохтмони неругоҳи мазкур, аз қабили кандани нақби асосии зери сарбанду нақбҳои обпарто анҷом ёфтанд.

Дар ин муддат, — менависад Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, — зиёда аз 43 фоизи тамоми корҳои сохтмонии ин иншооти азим анҷом дода шуда буд. Вале баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сохтмони Неругоҳи барқии обии «Роғун» қатъ гардид.

Мавриди зикри хос аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини зиндагии шоиста барои мардуми шарафманди тоҷик се самти асосию стратегиро дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд, ки бо татбиқи пурраи онҳо Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои пешрафтаву аз бисёр ҷиҳат тараққикарда мубаддал мегардад.

ТО БА ИСТИФОДА ДОДАНИ АГРЕГАТИ ЯКУМИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН» РАСО ЯК МОҲИ ДИГАР МОНД!

Аз ҷумла, 26 сентябри соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи корҳои бунёдкорию созандагии худ, ки аз сиёсати ватандӯстонаи он кас сарчашма мегиранд, ба шаҳри Роғун сафар карда, дар маросими оғози расмии корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқии обии «Роғун» иштирок намуда, баён доштанд: «Сохтмон ва ба истифода додани ин иншооти азими стратегӣ ҷаҳиши бузурге дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон мебошад».

Моҳи октябри соли 2016 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол, махсусан сохтмони НБО «Роғун» ҳодисаи хотирмон ба амал омад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан бо идора кардани техникаи вазнин — булдозер ба бунёди сарбанди НБО «Роғун» ҳусни оғоз бахшиданд.

Агрегати аввали НБО «Роғун» 16 ноябр ба истифода дода мешавад

Сардори раёсати корҳои анчомёфтаи ҶСК НБО «Роғун» Музаффар Абдиев дар суҳбат зикр намуд, ки ҳоло маъмурият ва кормандони ҶСК «НБО Роғун» дар асоси дастуру супоришҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ талош доранд агрегати якуми неругоҳро дар муҳлати муайяншуда ба истифода диҳанд.

«Маросими ботантанаи баистифодадиҳии агрегати аввали неругоҳ 16 ноябр- дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад»,- зикр кард ҳамсуҳбати мо ва илова намуд: «Ҳамаи кормандони ҷамъият дар иншооти ба ин маросим омодашаванда кор карда, нақшаҳоеро, ки барои корҳои сохмонӣ дар назар дошта шудаанд, амалӣ карда истодаанд».
ТО БА ИСТИФОДА ДОДАНИ АГРЕГАТИ ЯКУМИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН» РАСО ЯК МОҲИ ДИГАР МОНД!
[medium=left]htt
Ба гуфтаи Музаффар Абдиев, дар баробари авҷи кор дар агрегати якум, дар агрегати дуюми неругоҳ низ корҳо пеш рафта истодаанд. Бо назардошти технологияи баистифодадиҳию иҷрокунӣ аз рӯи нақша бояд баъд аз 4 моҳ ин агрегат ҳам ба истифода дода шавад.

Иҷрои корҳои сохтмону васлгарӣ, пармакунии чоҳҳо барои гузоштани анкерҳо, инчунин корҳои сементатсионӣ дар толори мошинҳо ва бинои трансформаторҳо идома дорад. Ба гуфтаи номбурда, корҳои бетонхобонӣ дар атрофи гидроагрегати №6 ба анҷом расонида шудаанд. «Айни замон дар шахтаи генератор корҳои васлу насби қубурҳои системаи бо об хунуккунии гидроагрегат ба анҷом расонида, васли ноқилҳои аз генератор хориҷшаванда бо экранҳояшон ҷараён дорад»,-илова намуд ҳамсуҳбати мо.

Роғун – майдони мардони меҳнат

Ба иттилои расмии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун», айни замон дар сохтмони ин иншооти азим ва дорои аҳамияти стратегии мамлакат зиёда аз 21 ҳазор нафар коргарон ва кормандони муҳандисиву техникӣ машғули кор мебошанд. Аз ин шумора 1 ҳазору 569 нафарашонро кормандони ширкати «Салини Импреҷило» ташкил медиҳанд. Аз 1 ҳазору 569 нафар кормандони ширкати мазкур 1 ҳазору 357 нафар сокинони маҳаллӣ ва боқӣ шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.

Дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» ба мо иттилоъ доданд, ки кормандон дар неругоҳ дар ду баст фаъолият мекунанд.

Барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмони неругоҳи «Роғун» наздик ба 3 ҳазор адад техника ва мошину механизмҳо сафарбар гардидаанд.
Тибқи нақша, навбати аввали неругоҳ, яъне агрегати якум 16 ноябри соли 2018 ва агрегати дуюм моҳи апрели соли 2019 ба истифода дода шуда, неруи барқи истеҳсолшуда ба системаи энергетикии кишвар интиқол дода мешавад.

Ҳамин тавр, моҳи декабри соли 2018 неругоҳи «Роғун» ба истеҳсоли барқ оғоз мекунад.

Шукӯҳи ДАЛЕР,
Субҳониддини МАҲМУД,
Мақсудҷон МУҲИДДИНҶОН,
АМИТ «Ховар»,
Душанбе-Роғун-Душанбе




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво