Мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазири Муғулистон Улзийсахан Энхтувшин
559
Имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазири Муғулистон Улзийсахан Энхтувшин, ки барои иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ба Душанбе ташриф овардааст, мулоқот намуд.
Тавре таъкид гардид, дар Тоҷикистон ба рушду густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо Муғулистон, аз ҷумла дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Ҷонибҳо зимни суҳбат барои таҳкими ҳамкориҳои байниҳукуматии Тоҷикистон ва Муғулистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, кишоварзӣ, гидроэнергетика, маориф, фарҳанг ва туризм изҳори омодагӣ намуданд. Хотиррасон мешавем, ки дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ҳайати расмии Муғулистон ҳамчун намояндагони кишвари нозир дар Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок менамоянд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |