16 октябр 2018, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Шукурҷон Зуҳуров бо Шри Рам Натҳ Ковинд роҷеъ ба ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Ҳиндустон суҳбат намуданд

25
Имрӯз дар шаҳри Душанбе мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд, ки бо сафари давлатӣ дар ҷумҳурии мо қарор дорад, баргузор гардид.

«Боиси фараҳмандист, ки робитаҳои гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон пайваста дар самтҳои ҷавобгӯи манфиатҳои ҳар ду ҷониб густариш меёбанд, зеро Тоҷикистону Ҳиндустон бо ҳам равобити дӯстона ва қаробати таърихию фарҳангӣ доранд. Ҳанӯз аз даврони қадим робитаи мардуми ду кишвар барқарор буд. Мардумони ду кишвар тайи ҳазорсолаҳо борҳо омезиш ёфта, ба бунёди тамаддунҳои нави пешрафта замина гузошта буданд»,-таъкид намуд зимни мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров.

Шукурҷон Зуҳуров таъкид намуд, ки муносибатҳои дӯстона дар давоми солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва ҳангоми сафарҳои дӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон ва мулоқотҳояшон бо роҳбарони олимақоми ин кишвар, аз ҷумла бо ҷаноби Президент барои ҳамкории оянда заминаи хуб фароҳам оварданд.

Роҷеъ ба ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Ҳиндустон Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошт, ки байни парлумонҳои ду кишвари бо ҳам дӯст ҳанӯз соли 2015 гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории парлумонӣ таъсис шуда, имрӯз онҳо дар ҷустуҷӯи роҳҳои нави ҳамкорӣ бо парлумони Ҳиндустонанд.

Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд аз мулоқоташ бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумгҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳор дошт, ки «барои ман боиси ифтихор буд, ки дар палатаи болоии парлумони Ҷумҳурии Ҳиндустон 12 сол фаъолият намудам. Ин барои ман ва ҳамкоронам як таҷрибаи бузургӣ зиндагӣ буд. Парлумон ҷои муқаддас буда, хизмат ба мардум ва ба мушкилоти онҳо расиданро меомӯзонад».

Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон ҳамчунин иброз намуд, ки «имрӯз зарур аст ҳамкории тиҷоратию иқтисодиамонро густариш диҳем. Барои баланд бардоштани савдои ду кишвар мо бояд алоқамандии худ, аз ҷумла парвозҳо байни кишварҳоямонро зиёд намоем. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо табиати хеле зебояш метавонад макони сайёҳони зиёди ҷаҳон гардад. Мо бояд барои беҳтар гардонидани ҳамкорӣ дар ин соҳа тадбирҳои зарурӣ андешем. Дар солҳои наздик ман мутмаинам, ки ҳамкории мо аз пештара дида, қавитар мегардад»,-иброз дошт Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво