19 декабр 2018, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

РОҒУН — КОХИ РАВШАНИЮ НУР! Бунёди он ҳадафи асосӣ ва афзалиятноки сиёсати энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

112
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз соҳибистиқлолии мамлакат се ҳадафи стратегии рушдро муайян намуда, барои ноил шудан ба онҳо қадамҳои устувор гузошта истодааст. Мусаллам аст, ки пас аз татбиқи пурраи онҳо Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои пешрафтаву аз бисёр ҷиҳат тараққикарда мубаддал мегардад. Як аз ин ҳадафҳо расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад, ки дар ин самт корҳои назаррас амалӣ карда шуданд.

Неругоҳи барқи обии «Роғун» яке аз иншооти бузурги энергетикии Тоҷикистон мебошад, ки ояндаи наздик дар кишварамон истиқлолияти энергетикиро таъмин менамояд. Тибқи маълумоти оморӣ, айни замон дар сохтмони НБО «Роғун» зиёда аз 20 ҳазор нафар сокинони кишвар фаъолият доранд, ки қисме аз онҳо бонувон мебошанд. Имрӯзҳо дар сохтмони ин иншооти тақдирсоз занону модарон- бонувони далери тоҷик низ дар баробари мардон заҳмат мекашанд. Дар ин неругоҳ занон бештар ба корҳои сабук ҷалб гардида, саҳми худро дар бунёди он мегузоранд.
РОҒУН — КОХИ РАВШАНИЮ НУР! Бунёди он ҳадафи асосӣ ва афзалиятноки сиёсати энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад
Яке аз занони боиродаи ин иншооти аср Шаҳноза Авғонзода мебошад, ки айни замон дар қитъаи бехатарии кӯҳии “Роғунгесстрой”-и НБО «Роғун» ба ҳайси хабардеҳ ё назоратчӣ кор мекунад. Ӯ зодаи шаҳри Роғун буда, худро як тан аз ҳазорҳо нафар ҷавонони парвардаи замони соҳибистиқлолии кишвар медонад, ки дар партави ғамхориҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат ва Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистонро хатм намуда, бо фаро гирифтани илму дониши муосир роҳи зиндагияшро равшан кардааст.

Иншооти НБО «Роғун»- ро дар байни кӯҳҳои осмонбус сохта истодаанд, ки ҳамеша хавфи резиши сангҳо ва сар задани дигар ҳолатҳои фавқулода вуҷуд дорад. Аз ин рӯ кормандони қитъаи бехатарии кӯҳӣ дар мавзеъҳои баланди хавфноки кӯҳӣ тӯрҳои симин насб карда, сохтмончиёнро дар мавзеъҳои кории бехавф нигоҳ медоранд. Дар ҳолати резиши сангҳо ё дигар ҳолатҳои хавфнок таъҷилан бо як бонги изтироб сохтмончиёнро огоҳ мекунанд.

Шаҳноза мегӯяд, ки «кори ман ба саломатии одамон сахт марбут аст. Соли равон дар қитъаи СТ-3 ду маротиба таъҷилан сохтмончиёнро аз фаромадани санг хабардор кардам ва хушбахтона, ба ҳеҷ кас осеб нарасид. Коргарон сари вақт худашонро ба ҷойҳои бехавф расонданд, ки ин барои ман ифтихори калон аст».

Аз суҳбат бо Шаҳноза Авғонзода маълум гардид, ки онҳо оилавӣ-ҳамроҳ бо падару модараш дар ширкати “Роғунгесстрой”-и НБО «Роғун» кор мекунанд. «Модарам Малика Авғонова даҳ сол мешавад, ки дар ин иншооти аср дар хизмати сохтмончиён қарор дорад. Ӯ ба ҳайси хабардеҳи қитъаи бехатарии кӯҳӣ ва пешгирии ҳолатҳои фавқулода фаъолият дошта, тӯли ин муддат сабаби наҷот ёфтану солим мондани ҳазорон нафар сохтмончиён гардидааст. Модарам аз коргарон пайваста раҳмат мешунаваду худро хушҳол ҳис мекунад. Бо ҳамин сабаб ман ҳам дар баробари доштани ду маълумоти олӣ касби модарамро интихоб намудам ва аз фаъолияти кории худ розӣ мебошам»,-мегӯяд Шаҳноза.

Дар қитъаи бехатарии кӯҳӣ 15 нафар занон кор мекунанд, ки аз байни онҳо ҷавонтаринашон Шаҳноза мебошад. Ӯ зикр мекунад, ки имрӯзҳо аз бонувони таҷрибадори корхона нозукиҳои корро омӯхта истодааст. Ҳамчунин ҳамаи бонувони ин корхона аз он хурсанданд, ки сари вақт бо хӯроки гарму либосҳои мавсимӣ ва маоши баланд таъмин мегарданд.

Зимни суҳбат Шаҳноза Авғонзода иброз намуд, ки сохтмони НБО «Роғун» тақозои давру замон буда, мавриди истифода қарор гирифтани он тараққиёту пешрафти рӯзафзуни кишварамонро таъмин месозад.

«Мо, бонувони тоҷик бо даъвати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун»- ро майдони кору заҳмати созанда ва ҷабҳаи зарбдор барои ободии Ватан қарор додаем. Имрӯзҳо барои дар сатҳи баланд ба истифода додани якумин агрегати НБО «Роғун» ҳамаҷониба омодагӣ мебинем. Мо ифтихор менамоем, ки дар Рӯзи Президенти Тоҷикистон- 16 ноябри соли равон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин чархаи НБО «Роғун» ба истифода дода мешавад. Ифтихори бузурги мо аз он аст, ки дар қатори дигар ҳамватанон номи мо низ ҳамчун бонувони бунёдгар дар таърихи сохтмони ин иншооти азим сабт хоҳад гашт»,-иброз дошт Шаҳноза.

Дарвоқеъ, НБО «Роғун» кохи равшанию нур, арсагоҳи меҳнати зарбдор буда, бунёди он ҳадафи асосӣ ва афзалиятноки сиёсати энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Субҳониддини МАҲМУД







Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво