25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Забон – нишонаи истиқлолии кишвар ва рамзи ягонагӣ

744
Забон – нишонаи истиқлолии кишвар ва рамзи ягонагӣ
Имрӯз дар маҷлисгоҳи хурди Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забон бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишаст баргузор гардид. Муовини раиси Кумитаи меъморӣ Мирзозода Низом Юсуфӣ ҷамъомадагонро бо Рӯзи забон табрик намуда, аз таърихи давраҳои рушди забон ёдовар шуд. Ў қайд намуд, ки қабули қонуни забон давраи аввали ба истиқлол расидани Тоҷикистон аст ва мардуми тоҷик бо қабули ин санад якпорчагиву якмаромии хешро баръало маълум намуданд ва дар атрофи манфиатҳои волои миллии хеш ҳамфикру муттаҳид гардиданд. Ӯ ҳамчунин саҳми бузургони миллат чун Садриддини Айниву Эмомалӣ Раҳмонро назаррас хонда, гуфт, ки мо шукргузор аз онем, ки баъди ба сари давлату ҳукумат омадани Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ пуштибони худро ёфт.
Забон – нишонаи истиқлолии кишвар ва рамзи ягонагӣ
-“ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша талқин мекунанд, ки миллат бояд чароғи роҳнамои худшиносии худро, яъне забонро ҳифз кунад ва онро ҳамчун волотарин арзиши миллӣ ба наслҳои оянда поку беолоиш ва равону ширин ба мерос гузорад. Пешвои миллат дар дигар баромадҳои худ пайваста ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд, ки бузургтарин вазифаи ҳар як фарде, ки даъвои фарҳангу забон мекунад, нигаҳбонию посдоштани ин мероси муқаддас ва ба наслҳои оянда расонидани забони ширину шево ва забони шеъру адаби оламшумули тоҷикӣ мебошад. Забони модарӣ симо ва пайкари миллат аст. Ин симо бояд зебо ва ин пайкар тавоно бошад.” – ишора намуд муовини раиси Кумита.
Дар анҷоми нищаст ӯ аз ҳар корманди ҷавони Кумита даъват намуд, ки баҳри пойдории ин забони бузург, ки аз гузаштагон мерос мондааст, саҳми худро гузоранд. Ба андешаи Мирзозода Н.Ю. ҳимояи забон ҳимояи миллат аст, зеро дар дунё имрӯз аксар давлатҳо забони худро аз даст дода истодаанд ва дар вартаи нобудӣ қарор доранд. Вале заҳмати ниёгони мо буд, ки онҳо тоҷ гум карданду забонро не ва ин забон – нишонаи истиқлолии кишвар ва рамзи ягонагии Тоҷикистон то ба рӯзгори мо расидааст.
Мухбири “РБ”





Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво