29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии меъморӣ дар “Хонаи меъморон”

767
Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии меъморӣ дар “Хонаи меъморон”
Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии меъморон дар “Хонаи меъморон” – и Иттифоқи меъморони Тоҷикистон намоиши дастовардҳои соҳаи меъморӣ, филмҳои мустанад ва мастер-классҳо бо иштироки собиқадорони соҳаи меъморӣ, устодон ва донишҷӯёни ин ришта баргузор гардид.Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии меъморӣ дар “Хонаи меъморон”
Баҳром Юсупов раиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон сароғоз тамоми меъморони кишварро ба ин рӯз табрик намуда, аз фаъолияти пурсамари Иттифоқи меъморони Тоҷикистон ёдовар шуд. Ӯ дар идома афзуд, ки имсол Рӯзи умумиҷаҳонии меъморон ба ҷашни 70 – солагии Иттифоқи байналхалқии меъморон рост омад. Рӯзи умумиҷаҳонии меъморон бошад, баъд аз қарори Ассамблеяи ХХ байналхалқии меъморон дар соли 1996 ҳамасола рӯзи душанбеи аввали моҳи октябр ҷашн гирифта мешавад. Дар Рӯзи умумиҷаҳонии меъморӣ дар ҳамаи мамлакатҳо меъморон маҷлисҳо, вохӯриҳои эҷодӣ, намоиши асарҳои меъмориро баргузор менамоянд. Мавзӯи имсолаи Рӯзи умумиҷаҳонии меъморӣ номи «Меъморӣ – барои зиндагии беҳтарин» касб кардааст ва меъморон бояд кӯшиш намоянд, ки лоиҳаҳои онҳо барои беҳтар намудани зиндагии одамон мусоидат намоянд.Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии меъморӣ дар “Хонаи меъморон”
Дар идома намояндаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи ҳозирин табрикотии Раиси Кумитаро расонда, қайд намуд, ки меъморӣ шуғли мураккаб ва пурмасъулият аст. Аз нақшаи офаридаи меъмор, аз донишу малакаи ӯ, аз тахайюл ва ҷасорати ӯ зебогӣ, устуворӣ, сифат, пойдорӣ ва ҳузуру ҳаловати бино ва ё иншооти оянда вобастагӣ дорад. Танҳо доштани ҷаҳонбинии васеъ, дониши мукаммал ва замонавӣ, маҳорати кордониву ҳалли муаммоҳо, истеъдоди бузурги нақшакашӣ ва амсоли инҳо метавонанд меъморро дар офаридани нақшаи мондагор ҳидоят намоянд.
Дар суҳбат бо хабарнигори “Рӯзномаи бинокорон” Баҳром Юсупов аз рафти намоиш маълумот дода, қайд намуд, ки Иттифоқи меъморони Тоҷикистон низ узви Иттифоқи байналхалқии меъморон дар ин рӯз лоиҳаҳои меъморони ҷавонро ба намоиш гузошт. Ҳамчунин мо барои иштирокдорон филмҳои ҳуҷҷатиеро, ки ба соҳаи меъморӣ бахшида шуда буданд, нишон додем. Бояд гуфт, ки аксар меъморони ҷавон аз нозукиҳои касби худ кам огаҳ ҳастанд ва намедонанд, ки корро аз куҷо оғоз кунанд. Барои ҳамин ҳам дар намоиши “Хонаи меъморон” мо ба иштирокдорон мастер-классҳо бо иштироки мутахассисон ва устодони соҳаи меъморӣ ташкил намудем, ки фикр мекунам донишҷӯён маълумотҳои зиёдеро аз худ карданд. Намоиши дастовардҳои меъморӣ дар “Хонаи меъморон” тӯли рӯз идома ёфт.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво