20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Норак ҷиҳати пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ мулоқот доир гардид

601
Дар шаҳри Норак бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 аз ҷониби гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар маҳаллаи Лангар бо ҷавонону фаъолон ва падару модарон мулоқот баргузор гардид.

Тибқи иттилои манбаъ, масъулин ба сокинон роҷеъ ба омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ, вазъи таълими ғайрирасмии динӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, изҳори пушаймонии нафароне, ки дар ҷангҳои Ховари миёна иштирок кардаанд, ҳамчунин дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, таҳкими ваҳдату якдилӣ, иҷрои корҳои ободонию созандагӣ дар чаҳорчӯби таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ тарбия намудани фарзандон сухан гуфтанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво