20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Кормандони Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон соҳиби бинои дуошёна гардиданд

620
Кормандони Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон, ки солҳо боз дар бинои корхонаи истеҳсоли орд ҳамчун иҷоранишин фаъолият мекарданд, имрӯз соҳиби иморати зебою замонавии дуошёна гардиданд.

Дар маросими мавриди истифода қарор додани бинои Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, инчунин собиқадорону бошандагони ҷамоат иштирок намуданд.

Бинои мазкур бо харҷи 2 миллиону 613 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷавӣ сохта шудааст. Ноҳияи Шуғнон яке аз калонтарин ноҳияҳои ин вилоят дониста шуда, шумораи аҳолии он 40 ҳазору 195 нафарро ташкил медиҳад. Он дорои ҳафт ҷамоати деҳот аст, ки бошандагонаш аслан ба боғдорию чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ машғуланд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи декабри соли 2017 оғоз гардида, аз ҷониби бинокорони соҳибтаҷрибаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мунис-97» дар як муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба анҷом расонда шуданд. Бино аз 10 ҳуҷраи корӣ ва маҷлисгоҳ иборат буда, 11 нафар кормандони Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон дар чунин шароити сатҳи баланд минбаъд ба мардуми ҷамоат хизмат меравонанд.

Зимни шиносо намудани ҳайати меҳмонон бо шароити бинои маъмурии нав масъулин онро туҳфаи арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми сокинони ҷамоати мазкур арзёбӣ намуданд.

Дар ошёнаи якум ва дуюми бино барои фаъолияти самарабахши кормандони ҷамоат ҳуҷраҳои барҳавои корӣ бо мизу курсӣ, ҷевон ва технологияи компютерӣ таҷҳизонида шудаанд, ки чунин шароитро кормандони ҷамоати деҳот солҳо боз интизор буданд.

Иншоот бо низоми марказонидашудаи гармидиҳии мустақил, ки тавассути ангиштсанг ва неруи барқ фаъолият мекунад, таъмин мебошад. Дар ҳар як утоқи корӣ дастгоҳҳои худкори огоҳкунанда аз сӯхтор насб шудаанд. Бино дар майдони 225 метри мураббаъ қомат афрохта, дорои маҷлисгоҳ барои 100 ҷойи нишаст мебошад, ки кормандони ҷамоати мазкур метавонанд дар он ҳама гуна чорабинҳоро баргузор намоянд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷамоати деҳоти Сучон дорои 8 ҳазору 680 нафар аҳолӣ, 1 ҳазору 560 хоҷагӣ ва 14 русто мебошад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво