19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Ню-Йорк таҳти раёсати ҳайати Тоҷикистон ҷаласаи ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲИ баргузор шуд

639
24 сентябр дар шаҳри Ню-Йорки ИМА таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷаласаи ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо иштироки вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, муовинони вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, инчунин намояндагони аршади вазоратҳои корҳои хориҷии Қирғизистон ва намояндагиҳои доимии Туркманистон ва Ӯзбекистон дар СММ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

С. Муҳриддин зимни суханронӣ ба зарурати тавсеаи ҳамгироии иқтисодӣ дар минтақаи СҲИ, аз ҷумла дар соҳаҳои рушди соҳаи нақлиёт ва алоқа, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, содагардонии раванди савдо, истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва энергетикӣ, таъсиси низоми ягонаи энергетикӣ, гардиши озоди молу хадамот, сармоя ва одамон таъкид намуд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зарур шуморид, то СҲИ барои мусоидат ба вокуниши самаранок ва дастаҷамъӣ ба вазъи кунунӣ ва пайдошудаи иқтисодиёт дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ чораҳо андешад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво