20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №142 дар деҳоти Шарора иштирок намуд

490
Имрӯз дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 142 дар деҳоти Шарораи шаҳри Ҳисор иштирок намуд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 142 дар деҳоти Шарораи шаҳри Ҳисор аз ҷониби Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди «Корвони Аср» бо роҳбарии соҳибкори ватанӣ Абдулло Ҳасанов сохта шудааст.

Сохтмони иншооти мазкур соли 2017 оғоз гардида, барои сохтмон ва муҷаҳҳазгардонӣ бо технологияи муосири соҳавӣ беш аз 12 миллион сомонӣ маблағ сарф гардидааст.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 142 дорои 22 синфхона, аз ҷумла 12 кабинетӣ фаннӣ барои забонҳои хориҷӣ, физика, химия, биология, технология, омодагии дифои ҳарбӣ ва ёрии тиббӣ, китобхона бо толори хониш барои 24 ҷойи нишаст, ошхона барои 60 ҷой, маҷлисгоҳ барои 80 ҷой, бойгонӣ, толори варзишӣ ва майдончаи ҳарбӣ буда, барои 640 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.

Аснои ба истифода супоридани муассисаи мазкур Сарвазири мамлакат ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, зикр карданд, ки иншооти мазкур дар партави сиёсати созандаву маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ояндаи мамлакат ва ҳифзи арзишҳои миллиро аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф арзёбӣ намудаанд.

Дар ин росто аз омӯзгорон талаб карда шуд, ки ҷиҳати дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ба воя расонидани насли наврас масъулияти бештарро эҳсос карда, саҳми арзандаи хешро дар ободию пешрафти бештари Тоҷикистон гузоранд.

Дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба мавриди истифода қарор додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 142 таъкид гардид, ки маҳз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаҳои афзалиятноки иқтисодию иҷтимоӣ ру ба пешрафт ниҳода, сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат ба маротиб беҳтар шудааст.

Дар ҷамъомад аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ва мураккаб гардидани вазъияти сиёсию амниятии аксар кишварҳои ҷаҳон дӯстдору ҷоннисори Ватан бошанд ва насли ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоянд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво