20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Миёни Душанбе ва Чиндао муносибатҳои бародаршаҳрӣ ба роҳ монда шуд

1024
Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳайати шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии Раиси шаҳр Менг Фанли, ки бо сафари корӣ ба пойтахти кишвари мо ташриф овардааст, мулоқот намуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳукумати халқии шаҳри Чиндао Протокол дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид. Санади мазкурро аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва аз ҷониби Ҳукумати халқии шаҳри Чиндао Раиси шаҳри Чиндао Менг Фанли имзо карданд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, дар вохӯрӣ масоили вобаста ба роҳандозӣ намудани ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, маорифу сайёҳӣ ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.

Иштирокчиёни мулоқот саҳми роҳбарони ҳар ду кишвар — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷин Пинро дар таҳким ва густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанба махсус таъкид намуданд.

Ҷонибҳо ба мавзӯоти ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати сабук, коркарди маводи хӯрокӣ, технология, сайёҳӣ, маориф ва чалби сармоя ба ин самтҳои муҳими иқтисодиёти шаҳри Душанбе аҳамияти ҷиддӣ доданд. Қисми зиёди музокирот ба масъалаҳои барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни Душанбе ва Чиндао бахшида шуд.

Бояд зикр намуд, ки Чиндао яке аз шаҳрҳои калонтарини Чин буда, бо аҳолии тақрибан 10 миллион нафар маркази калони тиҷоративу иқтисодӣ, таърихию фарҳангӣ, сайёҳиву баҳрнавардӣ, «пойтахти кино ва олимпиада», маркази илмию тадқиқотии баҳрӣ дар соҳаи инноватсионӣ ба шумор меравад.

Чиндао бо зиёда аз 700 бандарҳои ҷаҳонӣ робитаҳои ҳамкорӣ дошта, бо 70 шаҳри ҷаҳон дар қолаби бародаршаҳрӣ муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ ба роҳ мондааст.

Мавриди зикр аст, ки шаҳри Душанбе то имрӯз бо шаҳрҳои Урумчӣ (10 сентябри соли 1999), Сямен (20 июни соли 2013) ва музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин ( 21 августи соли 2017) робитаҳои бародаршаҳрӣ барқарор намудааст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво