16 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе ҳаққи хизматрасониҳои таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва қабули рафъи партовобҳо тибқи нархномаҳои нав ба роҳ монда мешавад

450
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ҳаққи хизматрасониҳои таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва қабули рафъи партовобҳоро тибқи нархномаҳои нав, ки бо шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мувофиқа гардидааст, барои аҳолӣ ва ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ аз 15 октябри соли 2018 ва барои ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ аз 1 январи соли 2019 ба роҳ мемонад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, тибқи қарори мазкур Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» вазифадор гардидааст, ки барои беҳбуд бахшидан ба вазъи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, кам намудани талафоти он ва қарзҳои дебиторӣ, дар таҳрири нав бастани шартномаҳои хизматрасонӣ бо муштариёнро вобаста ба тағйироти баамаломада дар нархҳои хизматрасонӣ, беҳтар намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва наздик намудани робита бо муштариён ҷиҳати пардохти пурраву саривақтии ҳақки хизматрасониҳо, коркарду амалӣ намудани усулҳои наву замонавии пардохти ҳаққи хизматрасониҳо, насб намудани ҳисобкунакҳои обӣ, инчунин чораҳои зарурии ивазнамоии қубурҳои фарсудашудаву ба сатҳи корношоямӣ расидаро дар доираи нақшаи чорабиниҳои алоҳидаи корхона роҳандозӣ намояд.

Дар қарори мазкур ҳамчунин омадааст, ки Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» насби ҳисобкунакҳои обиро то охири соли 2018 ба 55 фоиз, то аввали моҳи майи соли 2019 то 70 фоиз ва то моҳи ноябри соли 2019 ба беш аз 85 фоиз таъмин намуда, ҳисоббаробаркунӣ бо аҳолиро аз рӯи нишондоди ҳисобкунакҳои обӣ, ки сарфи воқеии оби истеъмолшуда ва қабули рафъи партовоб аз тарафи муштариёнро нишон медиҳад, ба роҳ монад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво