29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

1850 сокини Роғун дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд

1039
Дар шаҳри Роғун 8 деҳаи ҷамоати деҳоти Сичароғ ҳамчун деҳаҳои минтақаи зериобмонии НБО-и «Роғун» эътироф шудаанд. Шумораи муҳоҷирон дар минтақаи мазкур 438 оиларо ташкил медиҳад ва аз шумораи оилаҳои зикршуда 199 оила ба деҳаи Тойчии шаҳри Турсунзода кӯчонида мешавад. То ба имрӯз 73 оила аз ин минтақа кӯчонида шудааст.
Барои кӯчонидани 239 оилаи боқимондаи муҳоҷирон аз минтақаи зериобшаванда дар деҳаи Сайидони болои ҷамоати деҳоти Сичароғ барои 109 оила, дар заминҳои Ёли гармобаи ҷамоати деҳоти Қади Об барои 86 оила, дар заминҳои деҳаи Луғури ҷамоати деҳоти Сичароғ барои 44 оила қитъаи замин пешбинӣ шудааст. Ҳоло корҳои омодагӣ, ба монанди таъмини оби нӯшокӣ ва полезӣ, гузаронидани хатти интиқоли барқ, сохтмони роҳҳои дохилихоҷагӣ, сохтмони бунгоҳи тиббӣ ва мактаб дар мавзеъҳои мазкур марҳила ба марҳила ба иҷро мерасанд.
Аз шаҳри Роғун 1850 шаҳрванд дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Русия қарор доранд, ки аз ин шумора 18 нафараш зан аст ва вуруди 219 муҳоҷирони меҳнатии шаҳр ба Федератсияи Русия манъ шудааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво