19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН: То 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ноҳияи Мурғоб ба маркази саноатӣ ва тиҷоратӣ табдил меёбад

564
Имрӯзҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар ноҳияи дурдасти Мурғоб низ корҳои ободонию созандагӣ муваффақона идома доранд. Аз ҷумла, таҷдиди неругоҳи барқи обии «Оқ-Су», ки арзиши лоиҳавиаш 8 млн 600 ҳазор евро мебошад, дар сатҳи анҷомёбӣ қарор дошта, рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад.ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН: То 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ноҳияи Мурғоб ба маркази саноатӣ ва тиҷоратӣ табдил меёбад

Тавре сардори Раёсати молияи ноҳияи Мурғоби ВМКБ Эрназар Сатoров иброз намуд, сохтмони НБО-и нав барои ноҳияи Мурғоб ҳамчун иншооти таърихӣ маҳсуб мегардад ва орзуи чандинсолаи аҳолии он буд.

Ба иттилои номбурда, ба ғайр аз ин, якчанд иншооти муҳими давлатӣ, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мурғоб бевосита мусоидат менамоянд, ба муносибати ин иди бузурги миллӣ ба истифода дода мешаванд.

Аз ҷумла, сохтмонҳои бинои маъмурии дуошёнаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб бо арзиши лоиҳавии 13 млн. 416 ҳазор сомонӣ, бинои маъмурии сеошёнаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист бо арзиши лоиҳавии 1 млн. 980 ҳазор сомонӣ, бинои толори варзишӣ барои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 дар маркази ноҳия бо арзиши лоиҳавии 1 млн. 450 ҳазор сомонӣ, бинои маъмурии дуошёнаи гумруки ноҳия бо арзиши 600 ҳазор сомонӣ, фабрикаи тозакунии маъдан ва партовгоҳ барои истихроҷи кони нуқраи Ақҷилға бо арзиши лоиҳавии 12 млн. 880 ҳазору 500 долл. америкоӣ ва меҳмонхона бо арзиши лоиҳавии 160 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудаанд.

Бояд зикр кард, ки Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мурғоб барои солҳои 2016 — 2020 қабул гардида, дар солҳои соҳибистиқлолӣ дуюмин барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия мебошад, ки қаблан низ чунин барнома барои солҳои 2005 — 2010 қабул гардида, пурра амалӣ шуда буд.

«То 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мурғоб барои солҳои 2016 — 2020 ноҳияи Мурғоб ба маркази саноатӣ ва тиҷоратӣ табдил меёбад. Дар қатори ин, якчанд корхонаҳои саноатӣ ва хизматию маишӣ ба кор шурӯъ намуда, ҷойи кори доимӣ барои аҳолии ноҳия фароҳам омада, дар маҷмӯъ, ин ҳама омили зиёд шудани қисми даромади буҷети ноҳия мегардад»,-гуфт сардори Раёсати молияи ноҳияи Мурғоби ВМКБ Эрназар Сатoров.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво