28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат содиқем

1983
Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, фаъолияти худро дар ин самт ба роҳ монда, мутобиқи талаботи Низомномаи худ, баҳри дар амал татбиқ намудани раванди иҷозатномадиҳӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ, иҷрои Қарорҳои ҳайати мушовараи Кумита, нақша-чорабиниҳо ва таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Кумита корҳои муайянеро ба анҷом расонида, дар ин самт фаъолият намуда истодааст.

Хадамот аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ барои гирифтани иҷозатномаи фаъолияти сохтмонӣ ва меъморӣ 178 муроҷиатнома гирифта, 170 адад ҳуҷҷатҳои воридгардидаро аз ҷониби мутахассисони шӯъбаи омӯзиш ва назорати Хадамот дар маҳал мавриди санҷиш қарор дода, хулосаи онҳоро барои баррасӣ ба Комиссияи иxозатномадиҳӣ пешниҳод намуд. Аз 178 адад ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида танҳо ба 162 нафар довталабон иҷозатнома дода шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 28 адад кам мебошад.

Ҳамзамон ба Хадамот аз ҷониби 64 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои дароз намудани мӯҳлати амали иҷозатномаи фаъолияти сохтмонӣ ва меъморӣ ҳуҷҷат пешниҳод гардид, ки аз он 58 адад ҳуҷҷати воридгардида пурра таҳлил гашта, хулосаи онҳо барои баррасӣ ба Комиссияи иҷозатномадиҳӣ пешниҳод карда шуд. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои ҳаққи иҷозатнома ва дигар маблағҳои ҳатмӣ ба буҷаи ҷумҳуриявӣ 132 560 сомонӣ ворид карда шуд.

Дар ин давра ҷиҳати иҷрои супориши протоколии Раиси Кумита, таҳлили таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ (аз ҷумла, Қазоқистон ва Хитой), оид ба категорияҳо ҷудо намудани ташкилотҳои лоиҳакашӣ дар асоси санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии ба дастовардашуда, мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шуда, аз натиҷааш ба унвонии Раиси Кумита ахборот пешниҳод карда шуд.

Тибқи нақшаи тасдиқшуда, мутахассисони Хадамот фаъолияти 126 ташкилоту корхонаҳои иҷозатномадорро оиди риояи шарту талаботҳои иҷозатномадиҳӣ мавриди санҷиш қарор додаанд. Оид ба натиҷаҳои санҷиш аз ҷониби мутахассисон санад тартиб дода шуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида, дар фаъолияти ташкилоту корхонаҳо огоҳинома бо мӯҳлати иҷроиш дода шуд, ки бояд бартараф карда шаванд. Ҳамзамон дар рафти санҷишҳо муайян карда шуд, ки фаъолияти 12- ташкилот ва як соҳибкори инфиродӣ ба пуррагӣ қатъ карда шуда, тибқи талаботи қонунгузорӣ амали иҷозатномаҳои ин ташкилотҳо беэътибор ҳисобида шудаанд.

Хадамоти иxозатномадиҳӣ баҳри дастгирии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои Фармоишҳои Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади дар соли 2015 беҳтар намудани фаъолияти худ, рушди соҳибкорӣ, раванди иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ, баланд бардоштани сифати иҷрои корҳои сохтмонӣ ва сатҳи масъулиятнокии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки корҳои лоиҳакашию сохтмониро ба иҷро мерасонанд, тамоми чораҳои заруриро андешинда фаъолияти худро мутобиқи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгириву ҳимоя намуда, дар амал татбиқ менамоянд.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи ташкилоту идораҳои лоиҳакашию сохтмонии ҷумҳуриро ба фарорасии Иди касбии сохтмончиён табрику шодбош гуфта, барояшон тамоми хушиҳои рӯзгорро таманно дорам. Ҳамеша сарбаланду накӯном бошед, ҳамкасбони гиромӣ.

Н. Файзуллоев,
Сардори Хадамоти
Иҷозатномадиҳии
фаъолияти шаҳрсозӣ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво