28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

27 - солагии Истиқлолияти давлатӣ қадами устуворе дар роҳи созандагист!

1145
27 - солагии Истиқлолияти давлатӣ қадами устуворе дар роҳи созандагист!
Имрӯз, 07 сентябри соли 2018 дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар ин чорабинии ҷашнӣ кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарон ва кормандони корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита иштирок доштанд.
Раиси Кумита муҳтарам Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол нахуст иштирокчиёни ҷаласаро ба ин санаи таърихӣ муборакбод гуфта, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бузургтарин ва муҳимтарин воқеаи таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик ва муқаддастарин ҷашни миллию давлатӣ арзёбӣ кард.
Бино ба таъкиди Аҳмадзода Ҷ. Ҷ. давраи навини давлатсозию давлатдории мустақилона ба роҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият дод, ки роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозоргонӣ ва пайвастани низоми иқтисоди Тоҷикистон ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣ роҳ кушода, дар ин ҷода ба як қатор дастоварду муваффақиятҳои назаррас ноил гарданд.
27 - солагии Истиқлолияти давлатӣ қадами устуворе дар роҳи созандагист!
– “Ҳарчанд, ки 27 сол дар муқоиса бо таърихи тӯлонии халқи куҳанбунёдамон фосилаи зиёд нест, вале роҳе, ки мо дар ин марҳалаи кӯтоҳи таърихӣ паймудаем ва корҳое, ки ба шарофати истиқлолият ва аз баракати заҳмату фидокории мардуми сарбаландамон ба анҷом расонидаем, бемуболиға бо даҳсолҳои зиёд баробар мебошад. Аз ин лиҳоз, бо тамоми боварӣ метавонем гуфт, ки солгарди навбатии истиқлолияти кишварамон боз як қадами устуворе гардид дар роҳи созандагӣ, таҳкими сулҳу субот, фароҳам овардани шароитҳои муносиб баҳри вусъат бахшидан ба ислоҳоти амиқи иқтисодию иҷтимоӣ дар ҷомеа, ки мақсад аз он рушди тамоми соҳаҳои истеҳсолию иҷтимоии кишвар ва бо ин роҳ баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварамон мебошад” – иброз намуд Раиси Кумита.
Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол дар идомаи суханронии худ аз иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдоварӣ карда, қайднамуд, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Ҳукумати мамлакат дар доираи чорабиниҳои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва таъмин кардани рушди инфрасохтори сайёҳӣ як қатор имтиёзҳоро муқаррар намуд. Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имкон дода истодааст, ки Тоҷикистони зебоманзарро ҳазорон сайёҳони хориҷӣ дидан намоянд, кишварамон ба ҷаҳониён муаррифӣ шавад ва дар дохили кишвар садҳо нафар соҳиби ҷойи кор гарданд.
27 - солагии Истиқлолияти давлатӣ қадами устуворе дар роҳи созандагист!
Дар соли 2018 муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодии мутақобилан судманди Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ ба таври назаррас таҳким ва густариш пайдо намуданд, - гуфт Аҳмадзода Ҷ. Ҷ. ва қайд намуд, - Боиси таъкид аст, ки соли 2018 барои халқҳои бо ҳам бародари Тоҷикистон ва Ӯзбекистон соли воқеан таърихӣ гардид. Ба шарофати азму иродаи қавии роҳбарони ҳар ду давлат тамоми маҷмӯи масъалаву мушкилоте, ки дар муддати зиёда аз ду даҳсола дар байни давлатҳои мо ба вуҷуд омада буданд, ҳаллу фасл шуданд. Сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев тавонистанд ормонҳои чандинсолаи мардуми тоҷику ӯзбекро амалӣ созанд. Имрӯз Тоҷикистону Ӯзбекистон бо ҳам на танҳо дӯст, балки шарики стратегӣ мебошанд ва ҳамкории ду кишвар ба дурнамои дарозмуҳлат нигаронда шудааст.
Дар анҷоми баромади худ Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид дошт, ки саҳмгузории ҳар фарди кишвар барои таҳкими бештари истиқлолияту озодии давлату миллат, камтар кардани вобастагиҳои он аз омилҳои беруна, саҳмгирӣ дар фаъолиятҳои созандагӣ ба хотири зиндагии беҳтари имрӯзаву оянда, бо ақли солим ба воқеиятҳо баҳо додан гарави ягонаи пешрафти мамлакат ва беҳбудиву некуаҳволии сокинони он буда метавонад.
Сипас, корманди ҷавони ҶСК “Саноатсоз” Одинаев Одинашо суханронӣ намуда, қайд кард, ки ҷавонон дар чомеъа нақши муҳимро мебозанд. Чавонон-нерӯи рушди зеҳнии кишвар буда, қувваи бузург ҳастанд ва ҳар миллат дар ҳар давру замон аз ҷавонони худ умеди ояндаи некро доранд. Ҷавонон бояд дорои хислатҳои неки инсонӣ бошанд, ба хусус бо савод, бо интизом, бо маърифат, маъсулиятшинос ва дар хамаи корҳои чамъиятӣ фаъол бошанд.
27 - солагии Истиқлолияти давлатӣ қадами устуворе дар роҳи созандагист!
- “Мо ҷавонон бояд дар зери партави Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташабусҳои созанда, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Точикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдкорона ширкат варзида, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз хама хавфу хатарҳои номатлуби чаҳони муосир эмин нигоҳ дорем. Мо зодагони даврони Истиқлолият шукр аз он менамоем, ки дар ватани орому соҳибистиқлол зиндагӣ намуда, соҳиби маълумот гаштем ва имрӯз бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар рушди соҳаи сохтмону меъмории ватани азизамон саҳми худро гузошта истодаем” – илова намуд Одинаев О.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 4-6 сентябри соли 2018 Дар арафаи таҷлили ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни ташкилотҳои системаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи тенниси рӯйи мизӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси Кумита баргузор гардида буд.
27 - солагии Истиқлолияти давлатӣ қадами устуворе дар роҳи созандагист!
Дар ин мусобиқа зиёда аз 24 нафар ҷавонони зерсохторҳои Кумита иштирок намуданд, ки дар натиҷа Сафарзода Абубакр – директори Муассисаи давлатии «Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ» сазовори ҷои аввал гашт. Ҷои дуюм насиби Абдуллоев Зеваршо – сармуҳосиби Муассисаи давлатии «Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ» ва мақоми сеюмро Шодиев Фурқат – муҳандиси КВД ПИТ «Сохтмон ва меъморӣ» касб кард.
Ҳамин тавр, дар фарҷоми ҷамъомад ба ғолибон мукофот ва Ифтихорномаи Кумита тақдим карда шуд.
Д. НУРЗОДА,
Н. РАҲМАТ,
мухбирони “РБ”




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво